ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 январ, ҷумъа, 24-умин рӯзи соли 2025 аст

Январь 24, 2025 08:00

Дар ин рӯзи соли 1939 дар Чили заминҷунбии шадид ба амал омад, ки дар натиҷа зиёда аз 50 ҳазор нафар ба ҳалокат расид.

***

Соли 1946 Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба энергияи атомӣ таъсис дода шуд.

***

24 январи соли 2008 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» қабул гардид.

***

24 январи соли 2010 намояндагии дипломатии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд.

***

24 январи соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

***

Соли 2014 дар шаҳри Душанбе вазъ ва дурнамои ҳамкории мутақобили судманду гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Русия муҳокима шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 пас аз анҷоми ҷаласаи 12-уми байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ шартномаи муштарак оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

24 январи соли 2014 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия бозии кушодашавии Ҷоми «Иттиҳод-2014» байни дастаҳои Тоҷикистон ва Эстония бо натиҷаи мусовӣ – 2:2 ба анҷом расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар Сафорати Ҷопон дар Душанбе маросими баимзорасии 10 лоиҳаи нави Барномаи Ҳукумати Ҷопон оид ба кумаки бебозгашт ва бехатарии гуманитарӣ барои ҳама қишрҳои  аҳолӣ ба имзо расид.

***

24 январи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти нави варзишӣ – Федератсияи парапланеризм ба қайд гирифта шуд

 24 ЯНВАР:

Рӯзи ҷаҳонии таҳсил.

Январь 24, 2025 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш