ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ. Дар шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 2,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
ДУШАНБЕ, 26.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 дар шаҳри Панҷакент ба маблағи беш аз 2,1 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимити давлатии шаҳри Панҷакент.
Ин омор нисбат ба соли 2023 250,6 миллион сомонӣ зиёд буда, афзоиш 113 фоизро ташкил медиҳад.
Соли 2024 дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 30923,8 гектар зироати кишоварзӣ кишт шуд, ки нисбат ба соли 2023 1911 ё 6,6 фоиз зиёд мебошад.
Зироати асосӣ — картошка дар майдони 5546,7 гектар кишт шуд, ки нисбат ба соли 2023 128,1 фоизро ташкил дода, истеҳсоли он соли 2024 ба 77,8 ҳазор тонна расонида шуд. Ин нисбат ба соли 2023 3614 тонна ё 104,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин сол инчунин истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ, картошка, сабзавот, полезӣ, мева, ангур, гӯшт, шир, тухм, пашм, пилла, асал ва моҳӣ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, нисбат ба соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо 14,4 фоиз, картошка 4,9 фоиз, сабзавот 12,2 фоиз, полезӣ 14,3 фоиз, мева 35,6 фоиз, ангур 1,8 баробар, гӯшт 3,8 фоиз, шир 9,6 фоиз, тухм 36,3 фоиз, пашм 3,5 фоиз, асал 6 фоиз ва моҳӣ 3,2 фоиз зиёд шудааст.
Дар мавсими сабзазоркунӣ 76 ҳазору 478 дарахт шинонида шуд, ки ин нишондиҳанда 103 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 январи соли 2025 дар майдони 2758 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд, ки 109,8 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар шаҳри Панҷакент 110 гармхонаи доимӣ дар масоҳати 33,1 ҳазор метри мураббаъ барои парвариши лимӯ, помидор, бодиринг, кабудӣ ва гул фаъолият дошта, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 105 адад зиёд мебошад. Соли 2024 дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 85 гармхонаи тиҷоратӣ ва оилавӣ ба истифода дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст






