«ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА-2025». Дар Душанбе мусобиқа ба поси хотири Фарҳод Ҷабборов ба охир расид
ДУШАНБЕ, 08.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзҳои таътили зимистона дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таътили зимистона-2025» байни кӯдакони солҳои таваллуди 2012-2013 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Мусобиқа ба поси хотири хабарнигори маъруфи варзишӣ Фарҳод Ҷабборов, ки солҳои тӯлонӣ ба нафъи футболи пойтахт заҳмат кашидааст, бахшида шуд.
Мусобиқа 1 январ оғоз шуда, дар охирин рӯзи таътили зимистонаи кӯдакон – 7 январ ба анҷом расид.
Дар гурӯҳи кӯдакони то 12-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиб гардид. Медалҳои нуқра насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба футбол гардид. Медалҳои биринҷиро дастаи «Помир»-и пойтахт соҳиб шуд.
Дар мусобиқа байни футболбозони то 13-сола дастаи «Душанбе-Солор» ғолиби мусобиқот гардид. Ҷои дуюм насиби дастаи Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ва зинаи сеюм аз дастаи «Хоҷамбиё» шуд.
Байни кӯдакони то 12-сола Мирзомақсуд Мусофиров (МҶМОВ), Аминҷон Шарифов («Помир»), Ниёзи Аҳмадҷон (МҶМОВ) ва Далер Халилов («Душанбе-Солор») беҳтарин бозигар дар ҳайати дастаҳои худ эътироф гаштанд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа Билол Исматов («Душанбе-Солор») ва беҳтарин бозигар Имрон Маҳмудов («Душанбе-Солор») эълон гардиданд.
Кумитаи тадорукоти мусобиқа Абдулло Идиев («Хоҷамбиё»), Фирдавс Муҳаммадҷонов (МҶМОВ), Муҳаммад Содиров («Душанбе-Солор») ва Фотеҳ Гадобоевро (КМВА) беҳтарин бозигар дар дастаҳои хеш байни кӯдакони то 13-сола эълон кард. Ҷоизаи нишонзани беҳтарини мусобиқа ба Александр Холиқназаров («Помир») ва бозигари беҳтарин ба Иброҳим Муродов («Душанбе-Солор») тақдим гардид.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






