Теъдоди ҳалокшудагон дар натиҷаи сӯхтори ҷангал дар Калифорния ба 24 нафар расид
ДУШАНБЕ, 13.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи сӯхторе, ки ҳавзаи Лос-Анҷелеси иёлати Калифорнияро фаро гирифтааст, 24 нафар ба ҳалокат расидаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин хусус рӯзи якшанбе шабакаи телевизионии Fox News иттилоъ додааст.
Шахсияти аксар ҳалокшудагон то ҳанӯз муайян карда нашудааст. Қаблан хабар расида буд, ки 16 нафар ҳалок ва 13 нафари дигар бедарак шудаанд.
Сӯхтори ҷангал дар ҳавзаи Лос-Анҷелес 7 январ оғоз ёфт. Ба маълумоти обуҳавошиносон, сабаби зуд паҳн шудани сӯхтор ҳавои хушк ва сершамол будааст. Майдони умумии сӯхтор дар ҳавза аз 16 ҳазор гектар гузашт. Сӯхтор беш аз 12,3 ҳазор бино, аз ҷумла амволи ғайриманқули афроди машҳурро дар минтақаҳои бонуфуз нобуд намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






