Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид
ДУШАНБЕ, 29.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат 153 машварати сайёри ҳуқуқӣ гузарониданд, ки дар он беш аз 5 ҳазор шаҳрванд иштирок намуд. Дар ин хусус 27 январ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба рӯзноманигорон хабар дод.
Ба иттилои Умед Бобозода, дар чорабиниҳо кормандони намояндагиҳо бо намояндагӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомотро дар пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон матраҳ намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1730 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сабт гардид. Ҳамзамон дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1212 муроҷиат сабт шудааст, ки 118 адади онро муроҷиати хаттӣ ва 1094 ададро шифоҳӣ ташкил медиҳанд.
Дар нишаст баён гардид, ки бо мақсади мусоидат ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии ваколатдор лоиҳаи 38 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки аз 1730 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридшуда 71 адад ба таври мусбат ҳал гардид.
282 муроҷиати хаттии воридшуда бештар ба ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ, ҳуқуқ ба муроҷиат, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳуқуқ ба манзил ва ҳуқуқ ба саломатӣ рабт доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад






