Вобаста ба нақши Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси интихобот ҳамоиш доир шуд

Январь 9, 2025 15:15

ДУШАНБЕ, 09.01.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи маркази матбуоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар». 

Коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба ҳозирин ҷанбаҳои қонунгузорӣ ва тартиби иштироки намояндагони Воситаҳои ахбори оммаро  дар интихобот шарҳ доданд

Ҳадаф аз баргузории ҷаласа омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ, бахусус тақвият бахшидани нақш ва фаъолияти Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси воқеъбинонаи омодагӣ ва ҷараёни баргузории интихоботи Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва мақомоти худидораи маҳаллии шаҳрак ва деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид шуд, ки яке аз чорабиниҳои муҳими соли 2025 интихобот ба маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлиси намояндагон  мебошад. Ҳадафи ҷаласаи имрӯза такмили сатҳи маърифати ҳуқуқии намояндагони Воситаҳои ахбори омма оид ба масъалаҳои қонунгузории интихоботии мамлакат, тартиби инъикоси раванди интихобот ва инъикоси он мебошад.

Намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки нақши Воситаҳои ахбори омма дар инъикоси ҷараёни баргузории интихобот хеле муҳим аст. Бинобар ин аз рӯзноманигорон хоҳиш карда шуд, ки дар инъикоси интихобот фаъол бошанд ва маводи ҷолиб омода намоянд.

Ҳамзамон оид ба фаъолият ва нақши Комиссия дар баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ сухан намуда, иброз дошта шуд, ки  интихобот яке аз равандҳои бозгӯкунандаи давлати демократӣ ба ҳисоб меравад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иштироки Воситаҳои ахбори омма дар давраи интихобот меъёрҳои мушаххас муқаррар кардааст. Ҳар меъёри муқарраршуда ба шаффоф, озод ва ошкоро гузаронидани интихобот равона гардидааст.

Дар моддаи 8-и қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “комиссияҳои интихоботӣ фаъолияти худро шаффоф мегузаронанд ва Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқ доранд, ки раванди онро инъикос намоянд”.

Таъкид шуд, ки феълан мардум аз интернет ва шабакаҳои  иҷтимоӣ зиёд истифода мекунанд, ки ин ҳам яке аз роҳҳои паҳн гардидани иттилоъ ба шумор меравад. Вале дар фазои интернетӣ дастрас кардани маълумоти боэътимод ва саҳеҳ мушкил аст. Аз ин лиҳоз ҳангоми истифода аз сомонаҳои интернетӣ ва таҳияи мавод ҳар нафар бояд кӯшиш намояд, ки аз манбаъҳои боэътимод истифода барад. Инчунин дуруст истифода кардан аз имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ ба манфиати кор аст.

Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 «Дар бораи таъйини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ қабул гардид, ки тибқи он интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо 2 марти соли 2025 таъйин карда шуда, интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 марти соли 2025 таъйин гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 9, 2025 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Натиҷаи интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ тасдиқ гардид
Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд