ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ СОКИНОН-ҲАДАФИ ОЛИИ ДАВЛАТ ВА ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ

Январь 14, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 14.01.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамчун рукни муҳим ва яке аз анъанаҳои давлатдории миллӣ дар марҳилаи навтарин мавриди қабул қарор гирифтааст. Баргузории он ҳамеша боиси таваҷҷуҳи сокинони мамлакат, мақомоти давлатию идорӣ, аҳли илму маориф ва фарҳанг мебошад. Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар ҷомеаи мамлакат ҳамеша чун ҷамъбасти дастовардҳо, корҳои ба анҷом расида дар соли пешин ва дастуру раҳнамоиҳо барои соли нав ва ё марҳилаи навбатии рушди давлати соҳибистиқлол қабул карда мешавад.

-Сокинони мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро, ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, зиёд мунтазир буданд ва баргузории онро бо руҳбаландию иродатмандии хуб пешвоз гирифтанд. Фараҳбахш боз он аст, ки Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат –  Парлумон, ки бо ҳунари волои меъморӣ дар муддати кӯтоҳ бунёд ёфта, ба симои пойтахти давлати тоҷикон шаҳомати нав эҳдо намуд, баргузор шуд.

Тибқи анъана, Президенти Тоҷикистон раванди рушди ҷумҳурии соҳибистиқлолро дар марҳилаи охир, пеш аз ҳама, дар соли 2024 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, бо далелу рақамҳои мушаххаси оморӣ бурду бохти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ҷумҳуриро бо нишон додани сабабу омилҳои пешравӣ ва ё ҷой доштани мушкилоту норасоиҳо пешкаши намояндагони мардумӣ ва сокинони ҷумҳурӣ гардониданд.

Воқеан, дар муддати сию се соли соҳибистиқлолӣ ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон, ки дар ибтидои ин марҳила қувваҳои зиёди дохилию берунӣ ба мавҷудияту рушди он ҳар гуна монеаҳо пеш меоварданд, зина ба зина аз парокандагию харобӣ берун омада, раванди муназзами рушд ва пешравиро соҳиб гардид. «Ҳоло ҷумҳурии мо, — таъкид намуданд Сарвари давлат,- дар марҳилаи нави тараққиёт қарор дошта, бо амалӣ намудани стратегияву барномаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад».

Аммо дар вазъи ниҳоят ноороми ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ нигоҳ доштани суръати муназзами рушд, татбиқи стратегияю барномаҳои гуногунмуҳлати иқтисодию иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои асосӣ сиёсати ниҳоят дурбинонаро талаб менамояд. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, омилҳои асосии таъсиргузорро ба рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ як ба як номбар намуданд. Пеш аз ҳама, Пешвои миллат нооромию низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни давлатҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулотро омилҳои асосии берунаи таъсиргузор ба иқтисоди мамлакат ҳисобиданд. Албатта, барои пешгирӣ кардани таъсири манфии ин ва дигар омилҳои ҷойдошта ҷумҳурии моро зарур аст, ки пайваста тадбирҳои саривақтӣ ва таъминкунандаи назму низоми тараққиётро қабул намояд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сокинони ҷумҳурӣ ва ҷомеаи ҷаҳонро аз он огоҳ намуданд, ки новобаста аз мавҷудияти омилҳои манфии таъсиргузор ва мушкилоти дигари дохилию берунӣ мо раванди расидан ба ҳадафҳои миллии худро боз ҳам қавитар намуда, амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодии мамлакатро таъмин менамоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баландтар мебардорем. «Зеро, — бо қатъияти том таъкид намуданд Пешвои миллат, — мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Бале, ҳар кӯшишу ҷадал ва тадбиру амали давлату ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз барои ба даст овардани ҳамин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоистаи ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ равона гардидааст. Пас зиндагии шоиста чист? Зиндагии шоиста дар адабиёти илмӣ, пеш аз ҳама, соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ҳамчун ҳолати ҳамаҷонибаи қонеъ намудани ниёзҳои биологӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсон (шаҳрванд) омадааст, ки ҳам аз ҷониби шахс мустақилона ва ҳам бо кумаки давлат таъмин гардида, бо меъёрҳои сатҳ, сифат ва тарзи зиндагӣ муайян карда мешавад.

Мафҳуми зиндагии шоистаро ба тарзҳои дигар низ шарҳ медиҳанд, аммо асли онро мувозинати некуаҳволии ҷисмонӣ ва маънавӣ ташкил медиҳад, яъне он танҳо аз давлат вобаста нест. Инсон бояд ҳамеша дар пайи инкишофу такмили худ бошад, ба дигарон кумак намояд. Дар зиндагии шоиста оила, дӯстӣ ва меҳру муҳаббат нақши барҷаста доранд, зеро афзалияти синнусолӣ тағйирёбандаанд, вале арзиши муносибатҳои инсонӣ тағйир намеёбад. Зиндагии хуб инчунин қаноатмандии касбӣ ва шахсиро низ дар бар мегирад. Ва дар хотир бояд дошт, ки он бо шуҳрат ва сарват робитае надорад, баръакс ин вобаста ба он аст, ки мо ҳар рӯзи зиндагии худро чӣ гуна мегузаронем ва ба атрофиёни худ чӣ таъсире мерасонем. Хушбахтӣ ва қаноатмандӣ аз зиндагӣ ҳамон вақт ба даст меояд, ки мо дар пояи кадом арзишҳо зиндагӣ мекунем, ба дигарон чӣ гуна муносибат дорем ва ё чӣ кумаке мерасонем.

Ҳамин тавр, зиндагии шоистаро метавон бо ду гурӯҳи меъёрҳо натиҷагирӣ кард: меъёрҳое, ки сатҳи иҷрои уҳдадориҳои давлатро дар самти таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон тавсиф мекунанд. Дуюм, меъёрҳои тавсифкунандаи дараҷаи иҷрои вазифаи зиндагии бошарафона аз тарафи худи инсон (шаҳрванд) мебошанд. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрванди ин ҷумҳурии соҳибистиқлол имрӯз дар баробари давлату ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафи олӣ, яъне таъмини зиндагии шоиста худаш низ бояд пайгирона ҷадал намояд, арзишҳои волои инсонӣ, сатҳи баланди маърифатнокӣ ва ахлоқӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиро дастурамали зиндагиаш интихоб намояд.

Бешубҳа, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон давоми солҳои соҳибистиқлолӣ зери парчами сиёсати хирадмандонаю созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин ҳадафи олӣ-таъмини зиндагии шоистаи мардуми ҷумҳурӣ устуворона қадам гузошта, аз ҳама захираю имконияти мавҷуда истифода менамояд. Махсусан, таҳлили дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир нишон медиҳад, ки дар ин самт ҷумҳурии мо суръати хуби рушд ва равиши муназзами пешравиро соҳиб гардидааст.

Мо, шаҳрвандони ҷумҳурии соҳибистиқлол имрӯз рушди бомароми мамлакатро на танҳо мебинем, балки ҳама, аз хурд то бузург вобаста ба қадри имкону иқтидор бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар тараққиёти он ҳисса мегузорем. Агар бо забони рақам ё омор тасвир намоем, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз ва соли 2024  8,4 фоизро ташкил медод. Дар ин муддат, яъне панҷ соли охир барои рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохилию хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ маблағ равона гардида, соли 2024 ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ ба беш аз 150 миллиард сомонӣ расонида шуд. Танҳо давоми се соли охир дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиёда аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзишӣ, 175 муассисаи фарҳангию фароғатӣ ва ҳазорҳо иншооти дигар бунёд гардида, ба истифода дода шуданд.

Яке аз нишондиҳандаи дигари сатҳи некуаҳволии аҳолии ҷумҳурӣ- ин даромади пулии шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад, ки он аз 48 миллиард сомонии соли 2019 то ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 боло рафтааст. Яъне даромади пулии аҳолӣ дар ин муддат 3 баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфтааст. Умуман, дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷавӣ чор маротиба ва дар маҷмуъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шуд. Ҳамаи ин чораҳо бо мақсади паст кардани таъсири сатҳи таваррум, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва хубтар намудани шароити зиндагии шаҳрвандони ҷумҳурӣ амалӣ гардидаанд.

Бар замми он, Президенти ҷумҳурӣ новобаста аз пешравиҳо мақомоти давлатӣ ва иҷроияи мамлакатро вазифадор намуданд, ки иҷрои саривақтии босифати барномаю нақшаҳои мавҷударо дар оянда низ таъмин намуда, суръати рушди иқтисодии ҷумҳуриро дар соли 2025 дар сатҳи на кам аз 8 фоиз нигоҳ доранд. Баробари он вазифа гузошта шуд, ки идоракунии самараноки иқтидори мавҷуда, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсис додани ҷойи нави кор, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии мамлакат мунтазам таъмин карда шавад.

Ҳамзамон дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масоили дигари тақвиятдиҳандаи таъмини зиндагии шоиста, бахусус  ташаккули маърифати моливии шаҳрвандон ва фарҳанги андозсупорӣ, истифодаи технологияи муосири рақамӣ, муҳайё кардани шароити беҳтарин барои тарбияи кадрҳо, пешниҳод намудани имтиёзҳои гуногун, ҳавасмандгардонии мутахассисони самти технологияҳои иттилоотӣ ва бозомӯзӣ дар муассисаҳои пешқадами хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, такмил додани механизми татбиқи имтиёзи андоз ва дигар баррасӣ гардиданд. Ба хотири боз ҳам беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардуми ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур дода шуд, ки соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, пеш аз ҳама, соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ, ҳадди ақалли музди меҳнат, нафақа аз 10 то 30 фоиз баланд карда шаванд.

Ҳамин тавр, аз муҳтавои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таҳлилу гузориши масъалаҳои ҳалталаби ҷомеаи имрӯзаи ҷумҳурӣ, муқаррар намудани самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ бармеояд, ки давлат ва ҳукумати ҷумҳурӣ барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмини зиндагии шоиста аз тамоми имконоту шароити мавҷуда истифода менамоянд. Фазои орому осоишта ва ваҳдату якдилии ҷомеаи ҷумҳурӣ омилҳои муҳими таъмини суръати муназзами рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2025 ва марҳилаи навбатӣ мебошанд. Вале баробар ба ин дар ҷомеаи ҷумҳурӣ ба тарбияи насли наврас, соҳибкасбу соҳибмаърифат намудани ҷавонон, ба шакли мукаммал донистани забони модарӣ ва арҷгузорӣ ба он, омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ, азхудкунӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи технологияи муосир, рушди неруи зеҳнӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳама гуна ҳаракату андешаҳои ифротӣ, комилан аз байн бурдани хурофотпарастӣ, вусъати ҷаҳонбинии илмӣ ва ҳамқадами ҷаҳони мутамадин будани аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ, махсусан зиндагии шоиста шарафёб гардем. Ҳанӯз, хеле пештар аз пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ дар яке аз суханрониҳо Президенти Тоҷикистон таъкид намуда буданд, ки «мо-тамоми аҳли ҷомеаи мамлакат бояд сарҷамъона ва бо ҳисси баланди ватандӯстию ватанпарварӣ барои таъмини зиндагии шоистаи ҳар оилаи Тоҷикистон заҳмат кашем».

Ҳамин тавр, Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 28 декабри соли 2024 пешниҳод гардид, дастурамали наву мушаххасе барои тай намудани боз як марҳилаи тозаи рушди ҷумҳурии соҳибистиқлол дар арафаи ҷашни миллии 35-солагии истиқлоли комили давлатӣ мебошад.

 Насрулло УБАЙДУЛЛО,
 сарходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Январь 14, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҒУН» — ШОҲАСАРИ ЭНЕРГЕТИКАИ НАВИН ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ТОЗА. Ин иншооти азим Тоҷикистонро ба истиқлоли комили энергетикӣ мерасонад
ТАҲЛИЛИ НУКТАҲОИ МУҲИМИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Сармояи инсонӣ заминаи рушди устувори иқтисодӣ аст
БАРДОШТ АЗ ПАЁМ. Тоҷикистон дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ метавонад ҷойгоҳи арзандаро ишғол намояд
Соҳибкасб намудани шаҳрвандон кафолати таъмини зиндагии шоиста мебошад
ГУЗАРИШ БА НИЗОМИ РАҚАМИКУНОНӢ. Масъалаҳои вусъат додани истифодаи технологияҳои муосири рақамӣ бояд ҳарчи зудтар таъмин шаванд
ДАРОМАДИ ПУЛИИ АҲОЛӢ. Аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расонида шуд, яъне 3,6 баробар зиёд гардид
Паёми Президенти Тоҷикистон ба рушди иқтисодиёти рақамӣ ва низоми муҳофизати устувор мусоидат менамояд
РУШДИ ФАРҲАНГ. Соли 2000 барои соҳаи фарҳанг ва варзиш 13 миллион сомонӣ ҷудо шуда, соли 2024 ин рақам ба 1,7 миллиард сомонӣ расид
Чаро кӯдакон нисбат ба калонсолон бештар ба зуком гирифтор мешаванд?
Ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Ёвон нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳ дода шуданд
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – нишондиҳандаи иқтидори давлати муосири тоҷикон ва роҳнамои ояндаи пурсаодат
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамо барои иҷрои ҳадафҳои созанда ва саодатбахш