1045-СОЛАГИИ ФАРЗАНДИ НОМВАРИ ТОҶИК, ДОНИШМАНД, ФАЙЛАСУФ ВА ТАБИБИ МАШҲУРИ ОЛАМ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО. Ба ин муносибат дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад

Февраль 11, 2025 11:03

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми моҳи августи соли равон дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино таҷлил мегардад. Ин ҷашн тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.

Дар санади мазкур дарҷ шудааст, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, фарҳанг, корҳои хориҷӣ, кумитаҳои телевизион ва радио, таҳслоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Иттифоқи нависандагон, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ», Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки ҷашни мазкурро бо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ –маърифатӣ дар бораи ин мутафаккири барҷастаю табиби ҷаҳоншумули тоҷик таҷлил намоянд.

Бояд ёдовар шуд, ки вобаста ба ин ҷашн дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ баргузор карда мешавад. Имрӯз, 11 феврал бо мақсади баррасии корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 1045-солагии мутафаккири барҷастаи ҷаҳон, олими тоҷик Абуалӣ ибни Сино бо ҳузури муҳаққиқон ва коршиносони соҳа ҳамоиш баргузор мегардад.

Тавре Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод иброз дошт, дар Академия «Маркази синошиносӣ» фаъолият мекунад, ки таҳқиқоти васеъро оид ба зиндагӣ ва осори Ибни Сино анҷом медиҳад.

«Илова бар ин, «Маркази синошиносӣ» то ҳол 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Синоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ ба табъ расонида, ҷилди нуҳуми он дар арафаи нашр қарор дорад. Ҳамчунин, 21 ҷилд аз осори ӯ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар сомонаи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дастрас мебошад»,-афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Ёдовар мешавем, ки 18 августи соли 1995 Парлумони Тоҷикистон ин рӯзро чун иди касбии табибон ба номгӯи идҳои давлатӣ ворид намуд. Зеро 1045 сол муқаддам, дар ин рӯз фарзанди номвари тоҷик, донишманд, файласуф ва табиби машҳури олам Абӯалӣ ибни Сино ба дунё омадааст. Аз ҳамон сол сар карда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 август ҳамасола Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо шукуҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз беҳтарин кормандони соҳаи тиб зимни ҳамоишҳои идона ҳавасманд гардонида мешаванд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2025 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад