35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва коркарди сангҳои ороишӣ сохта мешавад

Февраль 2, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024  корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи  451  миллиону 911 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба  соли 2023  24 миллиону 623  ҳазору 200 сомонӣ зиёд  буда,  105,8 фоизро дар бар мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ баён гардид.

Корхонаҳои саноатӣ соли 2024 дар шакли асл 892,6  тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 138  тонна орд,  444,8   тонна маҳсулоти ширӣ,  62,9 тонна равғани растанӣ, 1301,9  тонна ресмони пахтагин,  75550 тонна семент, 5892,9  метри мукааб маҳсулот аз пластикаи физилӣ,  3452,7 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ  истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 113 то 168  фоизи соли 2023-ро ташкил медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2026 дар ноҳия бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла оҳаксанг ва коркарди сангҳои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 2, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд