35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли оҳаксанг ва коркарди сангҳои ороишӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 корхонаҳои саноатии ноҳияи Мастчоҳ ба маблағи 451 миллиону 911 ҳазору 900 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли 2023 24 миллиону 623 ҳазору 200 сомонӣ зиёд буда, 105,8 фоизро дар бар мегирад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ баён гардид.
Корхонаҳои саноатӣ соли 2024 дар шакли асл 892,6 тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, 138 тонна орд, 444,8 тонна маҳсулоти ширӣ, 62,9 тонна равғани растанӣ, 1301,9 тонна ресмони пахтагин, 75550 тонна семент, 5892,9 метри мукааб маҳсулот аз пластикаи физилӣ, 3452,7 ҳазор дона маҳсулоти пластмассӣ истеҳсол намудаанд, ки вусъати афзоиш дар ин самт аз 113 то 168 фоизи соли 2023-ро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то соли 2026 дар ноҳия бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла оҳаксанг ва коркарди сангҳои ороишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҷониби соҳибкорони ноҳия сохта мешаванд.
АКС аз бойгонӣ








Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил карда шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Тоҷикобод хати нави оби нӯшокӣ ва иншооти иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирифтанд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ба анҷом расид
Дар Берлин 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни 35–солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи ноҳияи Рашт
Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар Рашт иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Тоҷикистон 182 деҳаи нав таъсис дода шуд






