35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор чойхона бунёд намуданд
ДУШАНБЕ, 24.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинон ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор ба амали нек даст зада, дар яке аз деҳаҳои ҷамоат- Мавлонҷар чойхона ва дар шафати он барои раиси кумитаи деҳа утоқи корӣ бунёд намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Чойхона ва утоқи корӣ бо мақсади муҳайё намудани шароити фароғату истироҳат барои сокинони деҳа бунёд гардид.
Чойхона ва дар паҳлуи он ҷойгиршавии утоқи кории раиси кумитаи деҳа барои дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор намудани тӯю маъракаҳо мусоидат менамояд. Дар ин ҳолат тӯю маъракаҳо ба танзим дароварда шуда, исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар маъракаҳои сокинони деҳа пешгирӣ мегардад.
Сокинони саховатпеша дар баробари роҳсозию кашидани хати об дар зодгоҳашон, дар бунёди чунин маркази фарҳангию фароғатӣ ва ба ин васила обод намудани як гӯшаи зебои диёр саҳм гузоштанд. Чун мавсими ниҳолшинонӣ аст, дар саҳни чойхона ниҳолҳои ҳамешасабзи лавр шинонида шуданд.
Сокинон ва фаъолон ният доранд, ки бо мусоидати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор варзишгоҳи деҳаро, ки дар шафати дарёи Чангоб воқеъ буда, ҷавонони деҳа солҳо инҷониб онро истифода менамоянд, таъмиру таҷдид намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






