НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 дар асоси Барномаи рушди кино 17 филм наворбардорӣ гардид

Февраль 4, 2025 13:46

ДУШАНБЕ, 04.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар асоси «Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» ва нақшаи амали он барои солҳои 2023-2025 4 филми ҳунарии пурра, 10 филми мустанад, 2 филми кӯтоҳ ва 1 филми тасвирӣ наворбардорӣ гардиданд. Дар ин хусус имрӯз, 4 феврал зимни нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки дар ин давра ба Шурои бадеии муассиса 77 филмнома пешниҳод шуд.

-«Филмҳои ҳунарии пурраи «Ҳақиқат», «Зиндагӣ зебост», «Танҳо ту» «Виҷдон», филмҳои ҳунарии кӯтоҳи «Туман», «Дар баландии теппа», филмҳои мустанади «Осори фаронсавӣ», «Ҷашни Сада», «Баҳори Душанбе» «Қасри тақдирсоз», «Чакомаи чакан», «Шириншоҳ Шоҳтемур», «Достони кӯҳзод», «Тағйирёбии иқлим», «Тоҷи Сомон-ифтихори тоҷикон» ва «Марко Поло», филмҳои тасвирии «Бабри барфӣ» аз ҷумлаи филмҳое мебошанд, ки соли 2024 таҳия гардидаанд,- гуфт Маҳмадсаид Шоҳиён.

Ҳамчунин 3 филми ҳунарии муштарак наворбардорӣ гардид, ки инҳо «ВАО-и нави Русия», (Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Триикс Медиа»), «Моҳӣ дар шаст» (Тоҷикистон- Эрон- Русия), «Харгӯши сиёҳ-харгӯши сафед» (Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ширкати синамоии «Корномаи Дубай») мебошанд.

Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» барои табодули таҷриба ва робитаю ҳамкории судманд бо синамогурӯҳи «Ғарб»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сарез сармоя» ва ширкати синамоии «Корномаи Дубай» қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расонид.

Инчунин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи синамо байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва «Киностудияи миллии «Беларусфилм», Ёддошти тафоҳум оид ба таҳияи филми муштарак байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии кинои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Иттиҳодияи «Туркманфилм» ба номи Оғузхони Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон ба имзо расид.

Дар маҷмуъ, «Тоҷикфилм» бо 15 давлат ва 40 ширкати филмбардорӣ ҳамкорӣ менамояд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 4, 2025 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид