Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон иштирок дорад

Февраль 11, 2025 17:23

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон (Tehran International tourism and Related Industries Exhibition (TITE) иштирок дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он имконоти сайёҳии мамлакат муаррифӣ карда мешаванд.

Дар ҳошияи чорабинӣ вохӯрии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноеи дастии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳамчунин вохӯриҳо байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон дар шакли соҳибкор бо соҳибкор дар назар буда, зимни онҳо масоили ифтитоҳи хатсайрҳои нави сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон баррасӣ мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён дар доираи Намоишгоҳи 18-уми байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон «Tehran International tourism and Related Industries Exhibition» ки имрӯз, 11 феврал дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон оғоз гардид, гӯшаи сайёҳии Тоҷикистонро тамошо намуд.

Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва саноатии Теҳрон то 14 феврали соли 2025 идома меёбад.


АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2025 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд