Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими Артиши миллии Тоҷикистон тавассути омодасозии мутахассисон саҳм мегузорад

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Амнияти миллии ҳар давлат бе артиши тавоно, ки дорои мутахассисони баландихтисос мебошад, ғайриимкон аст. Дар шароити таҳдидҳои муосир, аз ҷумла хатарҳои глобалӣ ва минтақавӣ, ба монанди терроризм, паҳншавии силоҳи қатли ом ва ҷиноятҳои фаромарзӣ нақши дастгирии илмӣ ва таълимии неруҳои мусаллаҳ махсусан муҳим мебошад. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таҳкими қудрати дифоии мамлакат саҳм гузошта, бо омода намудани мутахассисони соҳибтаҷриба барои муқовимати самаранок бо хатарҳои муосир ва таҳдидҳои глобалӣ фаъолона иштирок менамояд.
Омодасозии мутахассисон-ҷузъи стратегии сиёсати мудофиавии мамлакат
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода намудани кадрҳои баландихтисос барои Артиши миллӣ ва сохторҳои қудратии мамлакат мебошад. Неруҳои мусаллаҳи муосир на танҳо ба низомиён ва афсарони қавӣ, балки ба мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои амнияти радиатсионӣ, химиявӣ, биологӣ ва ҳастаӣ (ХБРЯ), муҳандисии низомӣ, амнияти иттилоотӣ ва таҳлили таҳдидҳои стратегӣ ниёз доранд.
Солҳои охир Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони миллӣ ва байналмилалӣ барномаҳои омодасозии кадрҳои низомиро амалӣ менамояд, ки таваҷҷуҳи махсус ба соҳаҳои зерин равона мегардад:
1. Мубориза бо таҳдидҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ;
2. Истифодаи технологияҳои муосир барои ошкоркунӣ ва пешгирии таҳдидҳо;
3. Муҳофизати иншооти стратегӣ аз ҳамлаҳои кимиёвӣ ва биологӣ;
4. Татбиқи мониторинг ва таҳлили хавфҳои амниятӣ;
Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ – заминаи мустаҳкам барои омодасозии мутахассисони Артиши миллӣ мебошад.
Яке аз муҳимтарин қадамҳо дар рушди таҳқиқоти низомӣ ва омодасозии кадрҳо таъсиси Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ дар назди Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад. Марказ бо ташаббус ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо кумаки Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифт.
Марказ муосир ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, воҳиди калидӣ дар низоми омодасозии мутахассисони низомӣ ва кормандони сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин марказ синфхонаҳои таълимии махсус ташкил шудаанд, ки дар онҳо давраҳои омӯзишии махсус барои хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд, аз ҷумла «Усулҳои ошкор ва муайянкунии маводи радиоактивӣ, химиявӣ ва биологӣ», «Тадбирҳои вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода ва ҳодисаҳои амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ», «Стратегияҳои пешгирии интиқоли ғайриқонунии маводи ядроӣ» ва «Муҳофизати аҳолӣ ва низомиён аз таъсири кимиёвӣ ва биологӣ».
Ҳамзамон дар Марказ озмоишгоҳҳои криминалистикаи ҳастаӣ фаъолият менамоянд, ки ба мутахассисон барои омӯзиши усулҳои шиносоии манбаъҳои маводи радиоактивӣ ва таҳлили ҳолатҳои марбут ба қочоқи онҳо имконият медиҳанд.
Таҳқиқоти илмӣ барои таҳкими амнияти миллӣ
Илова ба омодасозии мутахассисон Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон инчунин таҳқиқоти илмӣ анҷом дода, ба самтҳои зерин диққати махсус зоҳир менамояд:
— Таҳияи системаҳои пешгирикунандаи хатари радиатсионӣ ва биологӣ;
— Коркарди моделҳои таҳлили хавфҳои биологӣ дар минтақаҳои марзӣ;
— Беҳтарсозии муҳофизати иншооти низомӣ аз ҳамлаҳои химиявӣ;
— Таҳқиқот оид ба муҳофизати радиатсионии низомиён ҳангоми амалиёти ҷангӣ.
Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчунин бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ (МАГАТЭ), ташкилоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид, Ташкилоти манъи силоҳи химиявӣ (ОЗХО), Ташкилоти манъи силоҳи биологӣ (КБТО) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, навтарин технологияҳо ва усулҳои омӯзиширо ба барномаҳои тайёрии кадрҳои низомӣ ворид менамояд.
Тақвияти иқтидори кадрии Артиши миллӣ
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мамлакат- ин омода намудани афсарони оянда, таҳлилгарон ва олимони низомӣ мебошад. Дар асоси барномаҳои таҳиягардида мутахассисони низомӣ имкони таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар беҳтарин озмоишгоҳҳо ва марказҳои таҳқиқотии Агентиро доро мебошанд. Чунин шароит ба онҳо имкон медиҳад, ки сатҳи касбии худро баланд бардоранд, бо технологияи пешрафта шинос гарданд ва дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ дониши амиқ ба даст оранд.
Ҳимояи Ватан – ифтихори мо!
Дар шароити таҳдидҳои муосир Қувваҳои мусаллаҳ танҳо бо аслиҳаи пешрафта не, балки бо сатҳи баланди омодасозии кадрҳояш қавӣ мегардад. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва омодасозии мутахассисон дар таҳкими қудрати мудофиавии мамлакат саҳми арзанда мегузорад.
Таъсиси Маркази минтақавии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ, ки бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид, қадами устувор дар самти ташаккули Артиши миллии муосир ва технологӣ мебошад.
Дар ин рӯзи муборак- 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мо ба тамоми низомиён ва афсарони Ватан барои ҷасорат, садоқат ва хизмат ба Ватан изҳори сипос менамоем. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ба манфиати таҳкими мудофиаи миллӣ ва рушди низоми таҳқиқоти илмии ҷумҳурӣ фаъолият менамояд.
Илҳом МИРСАИДЗОДА,
Директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон