Ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Шероз тақвият меёбад

Февраль 15, 2025 18:09

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути воситаҳои ахбори омма ва мониторҳои калонҳаҷми шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон муаррифӣ мегардад. Масъалаи мазкур зимни вохӯриҳои намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон бо намояндагони расмии гардишгарии шаҳрдории Шероз ва ширкатҳои сайёҳии маҳаллӣ баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар доираи вохӯриҳо ҳамзамон муаррифии имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Шероз тавассути воситаҳои ахбори омма ва мониторҳои калонҳаҷми шаҳри Душанбе, инчунин масъалаҳои омӯзишу мубодилаи таҷриба ва ташкили намоиши ҳунарҳои дастии Шероз дар шаҳри Душанбе низ муҳокима гардиданд.

Ба мувофиқа расида шуд, ки бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба давлатҳои ҳамдигар бастаҳои сайёҳӣ таҳия ва пешниҳод гарданд.

Намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ҳамчунин бо иншооти сайёҳии шаҳри Шероз, бахусус оромгоҳи Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Чилмақом, тахти шоҳ Ҷамшед ва Боғи Ҷаҳоннамо шинос шуда, аз фаъолияти растаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ низ огоҳ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон 16 феврали соли 1992 барқарор шудаанд.

Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба байни ду шаҳрро Шартнома оид ба бародаршаҳрии шаҳрҳои Душанбе ва Шероз аз 16 феврали соли 1992 ташкил медиҳад.

Санади мазкур самтҳои асосии ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ, сохтмону шаҳрсозӣ, саноат, ҷавонон, сайёҳӣ ва ғайраро дар бар мегирад.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Февраль 15, 2025 18:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
«ЗЕБИ ЧАКАНУ АТЛАС, ЗЕБОСАНАМИ ТОҶИК». Бо мақсади муаррифии либоси миллӣ дар пойтахт иқдом амалӣ мешавад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегарданд
РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА. Дар Душанбе бахшида ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш доир шуд
РУШДИ САЙЁҲИИ ГАСТРОНОМӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Ҷаҳонгардон бо таомҳои миллии тоҷикӣ шинос мешаванд
«DUSHANBE NAVRUZ FEST». Дар Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мешавад
РАШТОНЗАМИН. Кӯҳистони ин минтақа макони беназири сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва рафтинг аст
Соли 2025 дар Душанбе 63 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ таъсис дода шуд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст