АРҒУШТИ СИТОРАГОН БУВАД ДАР ЧАКАНАТ. Чаро баъзе аз духтарон дар пӯшидани либос ба фарҳанги бегона рӯ меоранд?
ДУШАНБЕ, 03.02.2025. /АМИТ «Ховра»/. Либоси миллии мо пироҳане аст, ки бо рангорангӣ, зебоӣ, бо санъати иҷро ва бо рамзҳои ҳадафноку маънидори худ, махсусан атласу чакан дар ҷаҳон эътироф гардидааст. Либоси миллӣ мероси гаронбаҳоест, ки аз гузаштагони мо боқӣ мондааст. Таърих гувоҳ аст, ки зан — модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори арзишҳои миллӣ, аз ҷумла либос, ки ҷузъе аз фарҳанги миллӣ мебошад, будааст. Мутаассифона, вақтҳои охир тамоюли бегонапарастӣ ва ба фарҳангӣ бегона рӯ овардани баъзе аз духтарони тоҷик ба мушоҳида мерасад, ки боиси нигаронӣ аст. Баъзе аз онҳо либосҳое ба бар намуда, худро дар сомонаҳои иҷтимоӣ ба намоиш мегузоранд, ки ин на танҳо гувоҳи бехабарии онҳо аз таъриху фарҳанги миллати худашон аст, балки бо ин амал ба мафкураи насли наврас таъсири нохуб мерасонанд.
Бояд таъкид намуд, ки барои ҳар миллату давлат ҳифз ва муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ вазифаи муқаддас мебошад. Пас чаро мо ин арзиши миллии худро ҳифз ва муаррифӣ наменамоем? Эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои миллӣ — ин таназзули миллат буда, оқибатҳои фоҷиаовар ба бор меорад. Имрӯз дар сомонаҳои иҷтимоӣ баъзе аз блогерон ва ё ба ном сарояндагон чунон либосҳое ба бар менамоянд, ки ҳувияти миллӣ ва фарҳанги миллатро халалдор месозанд. Инчунин ин гуна либоспӯшӣ ба насли оянда бетаъсир намемонад.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои ислоҳи ин камбудӣ ва гирифтани пеши роҳи чунин амалҳо, ки фарҳанги қадимаи миллати тоҷикро паст мезананд, чӣ тадбир меандешад?
Дар ин масъала Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ 27 январ посух дод. Мавсуф таъкид кард, ки барои ба танзим даровардани фаъолияти блогерон дар бахши қонунгузорӣ тағйирот ворид карда мешавад.
«Дар айни замон барои тағийру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори аммо» ва дигар қонунҳои ба иттилоот алоқаманди Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳо идома доранд. Яъне дар ин самт таҳияи қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ барои муайян намудани масъулият ва ҳуқуқи блогерон, тартиби сабти ном ва иҷозатномадиҳӣ ба блогерон ба хотири танзими фаъолияти онҳо, мониторинг ва санҷиши муҳтавои барномаю матнҳо дар расонаҳои интернетӣ, муайян намудани чаҳорчӯби сабти меъёрҳои ахлоқӣ ва касбии блогерон, баланд бардоштани сатҳи дониш ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ дар назар дошта шудааст»,-афзуд вазир.
Беҳуда нагуфтаанд: «Бегонашавии расму ойини либоспӯшӣ — бегонашавии фарҳангӣ аст». Имрӯз, ки замони техникаю технологияи муосир аст, дар ҳар оила беш аз ду смартфони замонавии ба интернет пайваст мавҷуд аст. Бо тамошои блогерон ё ба ном сарояндагоне, ки бо либосҳои ба фарҳанги мо бегона худро ба намоиш мегузоранд, наврасон аз онҳо чӣ ибрат мегиранд? Ин амал дар оянда, албатта, ба истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллат халал ворид месозад.
Муовини Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз намуд, ки «имрӯз мо дар замони гузариш ба сохти нави тараққиёт ва бархӯрду муборизаи шадиди тамаддунҳо қарор дорем. Ҳифзу ҳимояти манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангӣ вазифаи муқаддаси аҳли ҷомеа мебошад».
Номбурда афзуд, ки тамоми қишрҳои ҷомеа барои ҳифзу ҳимояи фарҳанги миллӣ бояд омода бошанд. Зеро таърих исбот намудааст, ки дар замонҳои гузашта ва асрҳои гузашта ин амалҳо вуҷуд доштанд.
«Инҳо сарояндагоне мебошанд, ки дар ягон ансамбли давлатии зертобеи Вазорати фарҳанги мамлакат ё қасрҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳо кор намекунанд. Дар назди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ин ассотсиатсия дар ин мавзуъ чандин омӯзишу машварат доир намуд. Имрӯз барои гирифтани пеши роҳи ин бенизомӣ ва дар интернет паҳн шудани суруду мусиқии бемазмун корҳо аллакай оғоз шудаанд. Вазорати фарҳанги мамлакат дар ин маврид ҳеҷ гоҳ бетараф набуд ва барои пешгирии ин бенизомӣ кор мебарад. Ин танҳо кори Вазорати фарҳанги мамлакат нест, балки амали дастҷамъона аст. Зеро мо вазифадорем, ки арзишҳои миллии худро ҳимоя намоем»,-гуфт Давлат Сафарзода.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти соли 2024 таъкид намуда буданд, ки «бегонапарастӣ дар сару либос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад. Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспӯшӣ бегонашавии фарҳангӣ аст, ки истиқлоли фикрӣ, ҳувияти миллӣ ва фарҳангии миллатро халалдор месозад».
Сардори Раёсати муассисаҳои фарҳангии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низом иброз намуд, ки «ба бар намудани либоси бегона ба арзишҳои фарҳангӣ бетаъсир намемонад. Имрӯз нафарони зиёде аз рӯи ҳавас ба либоси дигар давлатҳо тақлид менамоянд ё баъзеҳо либосҳои ба фарҳанги мо бегонаро тарғиб менамоянд, ки ин кори дуруст нест».
Номбурда афзуд, ки Вазорати фарҳанги мамлакат барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ ба «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» иловаҳо ворид намуд, ки имсол нашр мешавад. Ин дастурамал аз 16 боб иборат буда, дар он либосҳои тавсиявӣ аз наврасони 7-сола оғоз мешаванд. Дастурамал танҳо хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар он пӯшидани либос дар кӯча, рӯзҳои истироҳат ва ҷашну маросим тавсия дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки китоби «Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои духтарон ва занони Тоҷикистон» соли 2018 тасдиқ ва нашр гардида буд.
Тавре намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заррина Холова иброз намуд, «имрӯз ҳифз ва нигоҳдошти либоси миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, тарғиби либоси миллӣ ва муосиргардонии он бо ибтикори кумита ҳафт сол мешавад, ки иқдоми тарғиботӣ — ташвиқотии «Тоҷикона мепӯшем» гузаронида мешавад. Яке аз ҳадафҳои дигари баргузор намудани ин иқдом ҷалб намудани тарроҳону чеварон ба муосиргардонии либоси миллӣ мебошад».
Ҳамчунин дар мамлакат барои тарғиби либоси миллӣ ва арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ фестивалҳои ҷумҳуриявии «Ҷилваи рангҳо», «Сад ранги чакан», «Ганҷинаи мерос», «Либоси миллӣ» ва дигар озмунҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ гузаронида мешаванд.
Боиси ифтихор аст, ки яке аз либосҳои миллии тоҷикӣ- чакан аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун зеботарин падидаи одобу фарҳанг эътироф гардид. Чакан моҳи ноябри соли 2018 ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуда, дар арсаи ҷаҳон маъруф гардид.
Воқеан, агар ба таърихи халқу миллатҳои гуногун назар афканем, ҳар кадоми он рафтору анъанаҳои махсус дорад. Онҳо арзишҳои моддию фарҳангии худро аз насл ба насл мерос гузошта, маҳз тавассути анъанаҳои миллияшон давлати худро муаррифӣ месозанд. Мардуми ҳиндро бо либоси миллии «сари», ҷопониҳоро бо либоси миллии «кимоно», арабҳоро бо «абая» ва дигар давлатҳоро бо ба бар намудани либосҳои миллиашон мешиносанд.
Дар яке аз сафарҳои кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рашт Сарвари давлат ба занону духтарони ин ноҳия барои арҷ гузоштанашон ба фарҳанги либоспӯшии тоҷикӣ изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки «бубинед, чӣ қадар либосҳои тоҷикӣ ба занону духтарони мо мезебанд». Сарвари давлат дар ин замина таъкид намуданд, ки «занону духтарони мо бояд аз урфу одатҳои бегона худдорӣ намуда, аз ҷумла дар либоспӯшӣ ба фарҳанги ғайр пайравӣ накунанд».
Воқеан ҳам, таассуфовар аст, ки солҳои охир бархе аз занону духтарони тоҷик ба либоспӯшии хонумони турку араб тақлид намуда, мисли онҳо либос ба бар мекунанд. Ин ба миллати мо хос набуда, тамоман бегона аст. Иддаи дигар либосҳои нимурён ва танги аврупоӣ мепӯшанд, ки он ба зану духтари тоҷик намезебад.
Ба андешаи ҳамсуҳбатони мо, дар замири ҷавондухтарон ҷой намудани арзишҳои фарҳангӣ ва пос доштани мероси гузаштагон аз оила низ маншаъ мегирад. Бояд модарон ба духтарон чӣ гуна пӯшидани либос ва дар кадом маврид созгор будани онро фаҳмонанд, инчунин онҳоро дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештанпарастӣ тарбия намоянд, то аз либоси миллии худ ифтихор дошта бошанд. Зеро тарзи либоспӯшӣ дар фарҳанги хонаводагӣ мақоми муҳим дошта, олами маънавии шахсро нишон медиҳад. Пас биёед, либоси миллиамон- атласу адрас ва куртаҳои зебои чаканро, ки дар он рангорангии зиндагии мардуми тоҷик тасвир ёфтааст, ба бар намуда, бо ин онҳоро дар ҷомеа бештар тарғиб намоем.
Бо ин мисраҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло духтарони тоҷикро ба эҳтироми либоси миллӣ даъват менамоем:
Эй духтари тоҷик ту беҳамтоӣ,
Бо атласу адрасу чакан яктоӣ.
Атлас на, ки ту тирукамон мепӯшӣ,
Гӯё ту ба ҷисм каҳкашон мепӯшӣ.
Он қадр фурӯғи ҷону тан дорӣ ту,
Фарҳанги сутурги пираҳан дорӣ ту.
Ҳар ранг, ки дар чакан ҳувайдо дорӣ,
Сад сурату нақши арши мино дорӣ.
Ҳар нақши чакан ҳазор маъно дорад,
Суре зи ситораву сурайё дорад.
Арғушти ситорагон бувад дар чаканат,
Сад ҷилваи боғу роғу дашту даманат.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»/ манбаъҳои боз