АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид

Февраль 15, 2025 19:22

ДУШАНБЕ, 15.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 феврал бахшида ба таҷлили ҷашни 32-солагии таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Маркази таълимии пойтахт» ҳамоиши тантанавии афсарону сарбозон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода оид ба қудрату неруи Артиши миллӣ, шарафу мардонагӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ суханронӣ намуд.

Таъкид гардид, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба масъалаи мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат диққати махсус зоҳир намуда, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти  моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи Артиш бо мутахассисони касбӣ таваҷҷуҳи беандоза равона мекунанд. Зеро амнияти давлату миллат, ҳаёти осоиштаи ҷомеа ва пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, тартиботи ҳуқуқӣ, таъминоти волоияти қонун, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткори пеш аз ҳама ба тинҷиву оромӣ ва мустаҳкамии марзу буми кишвар вобаста аст.


Дар идома муовини Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Турабе Назарзода иброз дошт, ки  Артиши миллӣ дар натиҷаи тадбирҳои дурандешона ва бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат имрӯз бо мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ва техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардида, ба як Артиши тавоно ва неруи мунтаззами дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст.


Боиси тазаккур аст, ки дар доираи ҳамоиши мазкур байни афсарону сарбозон мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ ва озмунҳои зеҳнӣ баргузор гардида, ғолибони мусобиқаю озмунҳо, як қатор фаъолону афсарон ва сарбозон дар вазъияти тантанавӣ бо медалҳои ҷашнӣ, диплом ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон, дар доираи ҳамоиш дидорбинии волидайн, экскурсияи ҷавонони синни даъватӣ, намоиши дастовардҳои ҳарбӣ ва пешниҳоди дастархони идона роҳандозӣ гардида, чорабинӣ бо барномаи рангини фарҳангӣ ба поён расид.

 

АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон

Февраль 15, 2025 19:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд
Дар Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ Феҳристи ягонаи электронии субъектҳо таҳия карда мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд