Ҳавза ва участкаҳои интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои дар сатҳи баланд доир намудани интихобот омодаанд

ДУШАНБЕ, 25.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Раванди омодагии ҳавза ва участакаҳои интихоботии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҳти назорати Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор дорад. Ҳайати комиссияи шаҳрӣ бо рафти омодагиҳо ба интихобот дар ҳавзаи интихоботии рақами 23 ва участкаи интихоботии рақами 15, ки дар Литсейи рақами 3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ҷойгир аст, шинос шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Тавре таъкид гардид, ҳавза ва участкаи мазкур барои дар сатҳи баланд доир намудани интихобот пурра омода мебошанд. Ҳамзамон дар ин рӯз масъулин бо ҳавзаи интихоботии шаҳрии рақами 25 ва участкаи интихоботии рақами 12, ки дар заминаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ қарор дорад, шинос шуданд.
Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии ҳокимияти халқ хабарномаҳо тақсим ва рӯйхати дақиқи интихобкунандагон тартиб дода шуда, омодагиҳо дар сатҳи зарурӣ идома доранд.
АКС: Комиссияи шаҳрӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе