Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ барои сарбозон саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Душанбе ташкил карда шуд

Февраль 22, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои сарбозони қисмҳои ҳарбии Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ саёҳат ба мавзеъҳои сайёҳии пойтахт ташкил карда шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, саёҳат бо мақсади рушду тавсеаи сайёҳии дохилӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарбозон ва дар ин замина шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Саёҳат аз майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он зиёда аз 150 нафар сарбозон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Роҳбаладон ба сарбозон дар бораи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Шоҳ Исмоили Сомонӣ маълумот доданд.

Дар идома саёҳат тавассути автобусҳои 2-қабата то Майдони Истиқлол идода ёфта, дар он ҷо сарбозон Осорхонаи таърихии Душанберо тамошо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Майдони «Истиқлол» ва Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол» бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ифтитоҳ гардида, дар ошёнаи дуюми он Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил шудааст. Осорхона аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат мебошад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Таваҷҷуҳи сарбозонро дар осорхона тахти Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки дар як гӯшаи алоҳида ҷойгир аст, ҷалб намуд. Тахти Исмоили Сомонӣ бо тамоми унсурҳои таърихӣ ва ороиши деворнигораҳои таърихӣ аз Афросиёб, Варахша, Панҷакенти Қадим ва Бунҷикат, ки ҳунармандони тоҷик онҳоро аз санг барқарор намудаанд, гузошта шудааст.

Сарбозон инчунин зимни тамошои толорҳои Осорхона бо ёдгориҳои нодири таърихии ниёгон ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат шинос шуданд.

Пас аз тамошои Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе саёҳати сарбозон дар Боғи Ирам идома ёфт. Дар ин ҷо бо мақсади баланд бардоштани руҳияи сарбозон чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ташкил шуданд.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Февраль 22, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад