Байни Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 10.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби аввали Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар шаҳри Ҳарбини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Қатар, ноиби аввали Президенти Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) Шайх Ҷоан бин Ҳамад Ал-Танӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаро дар самти инкишофи варзиши олимпӣ – мубодилаи таҷриба дар омодасозии варзишгарон ба бозиҳои олимпӣ, барномаҳои ҳамкории ҷавонон – ташкили лагерҳои омӯзишӣ ва барномаҳои табодули таҷриба, таҳкими инфрасохтори варзишӣ – ҷалби сармоягузорӣ барои рушди иншооти варзишӣ дар Тоҷикистон ва иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ – ташкили чорабиниҳои муштарак ва иштироки фаъолонаи варзишгарони ҳарду давлат баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо аҳамияти ҳамкории мутақобилро дар баланд бардоштани сатҳи омодагии варзишгарон ва рушди барномаҳои варзишӣ таъкид намуданд. Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки бо дастгирии Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии варзишӣ доир шуда, мутахассисони соҳа бо технологияҳои муосири тайёрии варзишгарон шинос шаванд.
Пешниҳод гардид, ки мубодилаи таҷриба байни мураббиён ва варзишгарони ҳарду давлат дар самти варзиш тавсеа ёфта, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар мусобиқаҳои муштарак баргузор шаванд.
Мулоқот дар таҳкими ҳамкории варзишӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар муҳим арзёбӣ гардида, барои рушди минбаъдаи равобити дуҷониба заминаи устувор фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад






