БЕҲТАРГАРДОНИИ ХИЗМАТРАСОНӢ БА САЙЁҲОН. Бо роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 феврал дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ, беҳтаргардонии хизматрасонӣ ба сайёҳонии дохилию хориҷӣ ва таҳлили вазъи соҳа бо намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иброз гардид, ки вохӯрӣ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 доир шуд.
Зимни вохӯрӣ масъалаи тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гардид.
Барои анҷом додани хизматрасонии сатҳи баланд ба гардишгарон ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ нақши калон дорад. Зиёд намудани хатсайрҳо тавассути автобус ва ворид намудани таомҳои миллӣ ба рӯйхати хӯрокҳои пешниҳодшуда дар тарабхонаю ошхонаҳо, инчунин ороиши инфрасохтори сайёҳӣ бо нақшу нигори миллӣ аз ҷониби субъектҳои хизматрасонӣ барои ҷалб ва муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик муҳим мебошад.
Зимни вохӯрӣ масъалаи дар сатҳи баланд баргузор намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва қабули меҳмонон, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Исломии Эрон баррасӣ гардид.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ






