Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид

Февраль 13, 2025 17:26

ДУШАНБЕ, 13.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо иштироки аъзои Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва кормандони дигари масъули дастгоҳи марказии он ҷаласаи ғайринавбатии Шурои генералии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Барои баррасӣ ба рӯзномаи ҷаласа як масъала — интихоби раиси нави Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ворид карда шуд.

Тибқи талаботи Оинномаи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо овоздиҳии аъзои Шурои генералӣ Маликшо Неъматзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон озод ва тариқи овоздиҳии якдилона Чиллазода Қарахон раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб гардид.

Февраль 13, 2025 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид
Дар Душанбе Конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Ваҳдат – мароми модарон» баргузор шуд
Дар Душанбе вобаста ба хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқи соҳибкорон конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид
Сафари Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид
Дар Озарбойҷон Конфронси байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ баргузор шуд
Фестивали дӯстии ҷавонон-2025 оғоз шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донори хун дар Тоҷикистон маъракаи хунсупорӣ гузаронида шуд
Дар Женева масъалаи кушодани марказҳои раводиди давлатҳои Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ Корвони «Модарони ваҳдатсаро» ташкил мегардад