ДАР 28 ДАВЛАТИ ХОРИҶӢ-36 УЧАСТКАИ ИНТИХОБОТӢ. Вобаста ба тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи Тоҷикистон маълумот дода шуд

Февраль 7, 2025 14:33

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии роҳбарияти Комиссияи марказӣ бо аъзои маҳфилҳои «Дипломатони ҷавон» ва «Ҷавононе, ки дар хориҷи мамлакат таҳсил доранд»  баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ хабар доданд.

Роҳбарияти Комиссияи марказӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ дар бораи қонунгузории интихобот, ҳуқуқи интихоботӣ ва тартиби овоздиҳӣ дар хориҷи мамлакат иттилоъ дод. Аз ҷумла, иброз гардид, ки бо мақсади татбиқи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандоне, ки дар хориҷи мамлакат қарор доранд, дар назди намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 28 давлати хориҷӣ 36 участкаи интихоботӣ таъсис дода шудааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи онҳоро бо маводи зарурии интихоботӣ таъмин намудааст.

Зимни вохӯрӣ донишҷӯёне, ки дар Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Туркия ва Малайзия таҳсил мекунанд, ба тариқи онлайнӣ пайваст шуданд. Аз ҷумла, Беҳрӯз Ҳайдаров аз Федератсияи Русия дар суҳбати онлайнӣ иброз намуд, ки ҷавонон моҳияти иштирок дар интихоботро ба хубӣ дарк мекунанд ва азм гирифтаанд, ки дар он фаъолона иштирок намоянд.

АКС: Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯйхати вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид
Мушоҳидони ИДМ дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон ягон қонуншиканӣ ошкор накарданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Ҳайати мушоҳидони СҲШ интихоботро шаффоф, боэътимод ва демократӣ номиданд
Мушоҳидони байналмилалӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Натиҷаи пешакии интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 март эълон мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагон овоз дод
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Овоздиҳии тоҷикистониёни муқими Арабистони Саудӣ идома дорад
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Москва ба номзадҳои арзанда овоз медиҳанд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Дар Файзобод 8857 нафар ҷавон маротибаи аввал дар интихобот иштирок менамоянд
ИНТИХОБОТИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ-2025. Шаҳрвандони Тоҷикистон дар участкаи интихоботӣ дар Беларус дар овоздиҳӣ фаъолона иштирок доранд