Дар Бохтар аввалин Созишнома оид ба рушди инфрасохтори соҳаи варзиш ба имзо расид

Февраль 1, 2025 16:55

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аввалин созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба имзо расид. Созишномаи мазкур барои таъмиру  навсозии толори варзишие, ки охири солҳои 80-уми асри гузашта сохта шуда,  дар ҳолати  садамавӣ қарор дорад, бо иштироки бахши хусусӣ – Ширкати «Дороб» ба муҳлати 20 сол ва бо арзиши лоиҳавии 2,5 миллион сомонӣ баста шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар таҳия гардида, 27 декабри соли 2024 аз ҷониби Шӯро оид ба шарикии бахши хусусӣ маъқул дониста шуд.Созишнома  аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Бохтар Абдулмаҷид Муминзод ва роҳбари ширкати «Дороб» ба имзо расид.

Тибқи Созишномаи мазкур,   барои наврасону ҷавонони шаҳри Бохтар толори варзишии замонавӣ сохта,  барои баргузории мусобиқаҳо ва тамринҳо мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ин иқдом  бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ», ки яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷалби бахши хусусӣ барои барқарорсозӣ, таҷдид ва истифодабарии инфрасохтори асосии иҷтимоии давлатӣ мебошад, амалӣ гардид.

Иқдоми мазкур яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти вилоят буда, дар оянда тавассути механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои дигар низ амалӣ хоҳанд шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлтаии вилояти Хатлон

Февраль 1, 2025 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд