Дар Боку таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Академияи дипломатии Озарбойҷон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 08.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда дар соҳаи маориф ва илм дар вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон бо муовини ректори навтаъйини Донишгоҳи Академияи диломатии Озарбойҷон (ADA University) оид ба идоракунии равандҳои қабул ва кор бо донишҷӯён Гюнай Зиядова ва донишҷӯёни тоҷики ин донишгоҳ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон иттилоъ медиҳад.
Сафир вобаста ба сатҳи ҳамкорӣ ва саҳми арзандаи Донишгоҳи Академияи диломатии Озарбойҷон дар омода намудани кадрҳои баландихтисос ибрози қаноатмандӣ намуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамкории минбаъда дар соҳаи маориф ва илм, тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, зиёд намудани бурсияҳои стипендиявии таълимӣ барои донишҷӯёни тоҷик ва шумораи иштирокдорони даврҳои такмили ихтисос барои хизматчиёни дипломатӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ барои онҳо дар Донишгоҳи ADA-ро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон Сафир бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи ADA таҳсил менамоянд, доир ба раванди таълим, вазъи таҳсил ва шароити зиндагии онҳо мубодилаи афкор намуд. Зимнан, Илҳом Абдураҳмон дар бораи сиёсати ғамхоронаи роҳбарияти мамлакат нисбат ба ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва фаъолияти кории минбаъда дар Тоҷикистон сухан гуфта, онҳоро даъват намуд, ки барои таҳсили босамар ва хатми муваффақонаи донишгоҳ сайъу талош намоянд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






