Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон таҳсил дар шакли дуалӣ мегузарад

Февраль 9, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2024 Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Донишгоҳи Бохайи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мавриди таҳсил дар шакли дуалӣ созишнома ба имзо расонид. Дар ин хусус 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Жило Гулназарзода  хабар дод.

«Таҳсилоти дуалӣ ду навъ мешавад, яке амалия бо назария дар фаъолият қарор мегирад, дигаре ду муассиса ба мувофиқа омада, донишҷӯ ду сол дар муассисаи як давлат таҳсил мекунад, ду соли дигар дар муассисаи давлати дигар. Донишҷӯёне, ки бо ин шакл таҳсил менамоянд, якбора соҳиби дипломи ду муассиса мегарданд»,-гуфт Жило Гулназарзода.

Дар соли таҳсили 2025-2026 ин шакли таълим дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон оғоз мегардад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки тибқи созишномаҳо 55 донишҷӯи донишгоҳ соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

36 донишҷӯ ба Донишгоҳи Шарқии Қазоқистон ба номи С.Амонжолови Ҷумҳурии Қазоқистон, 10 донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии Брести Ҷумҳурии Беларус, 3 донишҷӯ ба Донишгоҳи давлатии Мински Ҷумҳурии Беларус, 1 донишҷӯ ба Донишгоҳи Ҷумҳурии Мардумии Чин, 2 донишҷӯ ба Донишгоҳи Лиовнин ва 3 донишҷӯ ба Донишгоҳи Шинҷони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷалб  гардид.

Ректори донишгоҳ Жило Гулназарзода илова кард, ки дар айни замон донишгоҳ бо 31 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 16 вазорату идора ва муассисаҳо ҳамкорӣ менамояд. Дар ин замина таҷрибаомӯзони донишгоҳ дар ин муассисаҳо донишҳои андӯхтаашонро таҷриба менамоянд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои Суғд 986 муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд