Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд утоқҳо барои дарси забон ва адабиёти тоҷик кушода шуданд

Февраль 17, 2025 14:32

ДУШАНБЕ, 17.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ҳамкории илмию фарҳангии Тоҷикистон ва Узбекистон бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ду утоқ барои дарси забон ва адабиёти тоҷик ифтитоҳ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.

Минбаъд донишҷӯён метавонанд аз ин утоқҳои дарсӣ, ки дорои китобҳои илмию бадеии бо забони тоҷикӣ аст, истифода намоянд. Ҳамзамон донишҷӯён имкон доранд дар ин утоқҳо тавассути филмҳои ҳуҷҷатию таърихӣ бо тамаддун, фарҳанг, ёдгориҳои таърихӣ, либоси миллӣ ва ашёи рӯзгордории тоҷикон шинос шаванд.

Дар ороиш ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳо мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон саҳм гузошта, аз фонди ёрирасони муассиса 27 ашёи таърихӣ, аз қабили китобҳои қадимии дастнавису чопи сангӣ, намунаҳои ҳунари хушнависӣ, мисгарӣ, кулолгарӣ, гулдӯзӣ ва зарфҳои армуғонӣ ба ин даргоҳ ба тариқи бебозгашт тақдим карда шуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Февраль 17, 2025 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 21 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
«Қалъаи Хуҷанд» ба рӯйхати 10 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон шомил гардидааст
Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид