Дар Душанбе ҳамоиши шаҳрии гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоиши шаҳрии гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳо ва ғолибони озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки бо пайравӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз насли наврасу ҷавон ба имконоти бузурги моддию маънавӣ дар пойтахти мамлакат шарафёб гардидаанд.
Таъкид шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд имтиёзҳо, аз ҷумла стипендияҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин аз ҷониби масъулин вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар заминаи озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ ва рӯ овардани онҳо ба китобхонию рафтан ба китобхона таъкид карда шуд.
Дар идома ба гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи стипендия тақдим карда шуд. Дар анҷом бо иштироки наврасону ҷавонони пойтахт барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе 302 нафар наврасону ҷавонон гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон, 240 нафар гирандаи Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 170 нафар гирандагони стипендияҳои раисони ноҳияҳо мебошанд.
Дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар доираи дастгирию таваҷҷуҳи Раиси шаҳри Душанбе ба хотири дарёфти истеъдодҳои ҷавон озмунҳои гуногун доир шуда, ҳамасола ҷавонон аз имконоти гуногун бархурдор ва ҳавасманд гардонида мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






