Дар Душанбе дар мавзуи аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии осори Абӯалӣ ибни Сино ҳамоиш баргузор шуд

Февраль 11, 2025 17:10

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бо ташаббуси Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба мутафаккири барҷаста, файласуф, олим, табиби оламшумул, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино таҳти унвони «Аҳамияти синошиносӣ ва муаррифии «Осор»-и Абӯалӣ Ибни Сино» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов Нозим Маҳмадизода доир ба осори гаронарзиши Абӯалӣ ибни Сино сухан намуданд.

Таъкид гардид, ки Шайхураис Абӯалӣ ибни Сино аз мутафаккирони барҷастаи тоҷик буда, бо донишу ҷаҳонбинии фарогираш дар олами тибби ҷаҳон саҳми арзишманд гузошта, дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст.

Фаъолияти эҷодии Сино аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шуруъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насрию назмиашро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам арабӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Сино он аст, ки забони арабӣ дар он замон ҳамчун забони илму маданият шинохта шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд.

Иброз гардид, ки Абӯалӣ ибни Сино парвардаи муҳити фарҳангии Сомониён буд. Вале қисми зиёди умри вай пас аз фурӯпошии давлати мутамаркази Сомониён дар гирдоби ҳодисаҳои мудҳиши нимаи аввали асри XI сипарӣ гардид. Сино лаҳзае аз омӯзиш ғафлат наварзида, аз пажуҳиш ва корҳои илмӣ фориғ набудааст.

Дар ҳамоиш олимони Маркази синошиносӣ доир ба осори гаронарзиши ин чеҳраи тобноки олами тибби ҷаҳон маъруза намуда, фаъолияти гуногунҷабҳаи ин мутафаккири абадзиндаи тоҷикро ҷовидона хонданд.

Таъкид гардид, ки осору афкори Абӯалӣ ибни Сино то имрӯз на танҳо аҳамияти илмиро гум накардаааст, балки бо мурури замон боз ҳам муҳимтар арзёбӣ мешаванд. Хосса, осори бо забони тоҷикӣ навиштаи ӯ дар рушди забони фалсафӣ ва илмии тоҷик нақши намоён дорад. «Донишнома»-и ӯ гувоҳ аст, ки забони тоҷикӣ забони илм ва фалсафа аз даврони қадим ба ҳисоб меравад.

Маркази синошиносӣ то ҳол 8 ҷилди осори Абуалӣ ибни Синоро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расонида, ҷилди нуҳуми он дар арафаи нашр қарор дорад. Инчунин ҷилдҳои 12 то 16 пурра ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ тарҷума ва нашр шудаанд.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 11, 2025 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд