Дар Душанбе масъалаи хизматрасонии профилактикӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ баррасӣ гардид

Февраль 26, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 26.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ соли 2024 бо 129 муассисаи табобатию профилактикӣ барои хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизоти тиббӣ шартнома ба имзо расонид. Инчунин бо 72 муассисаи соҳавӣ корҳои таъмир ва профлактикӣ гузаронида шуда, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводи масрафшаванда харидорӣ ва дастрас гардид. Дар ин хусус 26 феврал зимни ҳамоиш дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат иттилоъ доданд, дар ҳамоиш  масъалаҳо оид ба вазъи кумак ва хизматрасонӣ ба беморони руҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои табобатию пешгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин мегарданд. Ҳамчунин ба аҳолӣ тибқи талаботи замон хизмати тиббӣ расонида мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст