Дар Душанбе вобаста ба баланд бардоштани сифати омӯзиши забонҳо конференсияи байналмилалӣ доир шуд

Февраль 1, 2025 17:56

ДУШАНБЕ, 01.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 январ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзуи «Баландбардории сифати омӯзиши забонҳо дар заминаи муносибати коммуникативӣ ва босалоҳият ба таълим» конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи таҳсилот хабар доданд, дар конференсия олимону мутахассисон аз муасиссаҳои таълимӣ ва илмии ҷумҳурӣ, намояндагони шуъбаҳои маориф, ҳамзамон олимону коршиносони соҳа аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шодӣ Сафаров нақши кормандону муҳаққиқони академияро дар иҷрои вазифаҳое, ки ба таҷдиди назар ва такмили стандарту барномаҳои таълим, таҳияи китобҳои дарсии насли нав ва такмили методикаи таълими забонҳои хориҷӣ нигаронида шудаанд, таъкид намуд.

Дар конференсия оид ба навгониҳо ва имконияти омӯзиши забони русӣ дар даврони рақамикунонӣ, роҷеъ ба хусусияти таҳсилот дар қарни XXI, аз ҷумла рушди зеҳният ва эҷодкории хонандагон, оид ба раҳёфтҳои навоварона дар таълиму омӯзиши забони тоҷикӣ ҳамчун забони хориҷӣ (барои англисизабонон) маърузаҳо пешниҳод шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳим дар конференсия таҳлили фаъолият ва саҳми мутахасисону олимони ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи маориф буд.

Иштирокчиёни конференсия доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба таълиму омӯзиши забонҳо ва баланд бардоштани сифати таҳсил табодули назар намуданд. Таъкид гардид, ки имрӯз дар баробари таҳлилу баррасиҳои масъалаҳои сирф назариявӣ ба татбиқи амалии натиҷаҳои таҳқиқоти олимон рӯй овардан хеле муҳим аст.

АКС: Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

 

Февраль 1, 2025 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз бахшида ба Рӯзи омӯзгорон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба неруи созандаи аҳли маориф, таҷрибаи устодони рӯзгордида ва талошҳои омӯзгорони ҷавон эътимоди қавӣ дорем»
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар рейтинги GreenMetric World University Rankings 2026 ба натиҷаи бесобиқа ноил гардид
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба раддабандии ҷаҳонии донишгоҳҳои сабз дохил гардид
Доир ба рушди забони давлатӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
МАВЛОНО-ОФТОБИ МАЪРИФАТИ БАШАРӢ. Таҳти ин унвон ҳамоиши илмӣ – адабӣ доир шуд
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд
Даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии сол — Тоҷикистон-2026» оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Муассисаи таълимии №6-и шаҳри Хоруғ ба номи шодравон Алишери Мирзонабот гузошта шавад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-ро мавриди истифода қарор доданд
Солҳои охир теъдоди муассисаҳои таълимӣ дар Бадахшон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст