Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд вобаста ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм вохӯрӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуби замони муосир- терроризм ва экстремизм вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори коллеҷ Амирҷон Нурзода аз дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ҷавонон, таҳсил ва фаъолияти онҳо ёдовар шуда, иброз намуд, ки танҳо инсони соҳибмаърифат, боодоб ва дорои хислатҳои ҳамида метавонад дар зиндагӣ комёб шавад.
Дар мулоқот оид ба оқибатҳои фоҷеабори гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ва тақвият бахшидани ҳисси худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ аз дастуру нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегирад.
Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «созмонҳои террористӣ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва бо роҳи тафсири ғаразноки сарчашмаҳои динӣ дар мафкураи ҷавонони камтаҷрибаю ноогоҳ идеяҳои тундгароиро ҷой намуда, онҳоро ба қатлу куштор, барҳам задани амният ва суботу оромӣ дар мамлакатҳои гуногун ташвиқ менамоянд. Аз ин лиҳоз сохтору мақомоти марбутаро зарур аст, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёрию зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар руҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд».
Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ надоштани касби мувофиқ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефташавӣ ва ҳамроҳ гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.
Аз донишҷӯён даъват шуд, ки ба мутолиаи асарҳои бадеӣ машғул шуда, сатҳи донишу маърифати худро боло бардоранд ва ба ҳамсолоне, ки дар чорроҳаи зиндагӣ гумроҳ мондаанд, дасти ёриву кумак дароз намоянд.
Танҳо якдилию меҳрубон будан метавонад инсонро дар зиндагӣ муваффақу пешрав гардонад. Набояд фаромӯш намуд, ки бақои миллату давлат аз ҷавонони донишманду хушахлоқ ва боистеъдод вобастагии амиқ дошта, марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол тақозо менамояд, ки ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ бояд донишу таҷриба ва ахлоқи волою намунавӣ дошта, забондон бошад.
Зеро маҳз бо донишу таҷриба, адабу ахлоқ, риояи қонунҳои миллию давлатӣ ва маърифати баланд мо метавонем нақшаҳои асосии стратегиямонро амалӣ карда, ба ҳадафҳои рушди устувор ноил гардем.
Амирҷон Нурзода дар идомаи мулоқот аз давомоти таҳсили донишҷӯён, одобу рафтори онҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, эҳтироми волидон, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо, чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои мобилӣ, ҳарчи бештар рӯ овардан ба китобу китобхонӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва ташкили озмунҳои мухталиф барои рушди маънавӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим сухан намуд.
АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон