Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор озмоишгоҳҳо барои илмҳои дақиқ ифтитоҳ гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 феврал дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор» озмоишгоҳҳои анатомӣ, тиббии физикӣ, химиявӣ, тиббии биологӣ ва бинои маркази тестӣ ифтитоҳ гардиданд.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар озмоишгоҳҳо дастгоҳҳои таълимии сатҳи зарурӣ – воситаҳои техникӣ, электронӣ, маводи зарурӣ омода буда, донишҷӯён метавонанд ҳангоми кори амалӣ маълумоти бештар пайдо намоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки ба истифода додани ин озмоишгоҳҳо ба омода намудани мутахассисони илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, инчунин татбиқи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020-2040» мусоидат менамояд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






