Дар мақомоти Ваколатдор бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир гардид

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир гардид, ки дар он таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат ва нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷумҳурӣ муҳокима гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ«Ховар».
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода изҳор намуд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ обрӯю эътибори Артиши миллӣ дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон афзун гашта, мардуми мамлакат хизматҳои шабонарӯзии афсарону аскарони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро қадр ва аз муҳофизони Ватани хеш ифтихор менамоянд, ки ин, албатта, шоёни таҳсин аст.
Мавсуф изҳор намуд, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Зеро бо иқдоми пайваста ва пайгиронаи Сарвари давлати тоҷикон дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки дар ҷумҳурӣ заминаҳои моддию техникӣ барои ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ умуман вуҷуд надоштанд, Артиши миллӣ таъсис ёфта, хатари аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил бартараф карда шуд.
Ба андешаи Умед Бобозода, «низомиёни мамлакат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсиси Артиши миллӣ дар таҳким бахшидани сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ҳимояи ҳамаи дастоварду музаффарияти истиқлолият, пойдории сулҳу субот, таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда гузоштанд».
Дар ҳамоиш изҳор гардид, ки имрӯз ҷавонон бояд бо азми дил барои пойдории сулҳу оромӣ ва истиқлолу озодӣ дар сафи Артиши миллӣ хизмат намоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди муҳими замони соҳибистиқлолии мамлакат буда, омили асосии нигаҳдории давлатдории миллӣ маҳсуб мешаванд.
Сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Фирӯз Сайнозимзода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил дорои Қувваҳои мусаллҳ буда, он рӯз то рӯз боиқтидору қудратманд мегардад. «Мутобиқи моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Дар асоси қонуни мамлакат «Дар бораи мудофиа» таҳти мафҳуми мудофиа тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳарбӣ, ҳуқуқӣ, экологӣ ва ғайра фаҳмида мешаванд, ки ба таъмини мустақилият, якпорчагӣ ва дахлнопазирии ҳудуди ҷумҳурӣ, ҳимояи манфиати давлат ва ҳаёти осоиштаи ҷумҳурӣ равона шудаанд. Мудофиа бо омодагии доимии Қувваҳои Мусаллаҳ, иқтисодиёт, ҳудуд ва аҳолии ҷумҳурӣ барои пешгирии таҳдиди таҷовуз, инчунин зада гардонидани таҷовузи имконпазир дар ҳама вақту ҳолат асос меёбад», — гуфт ӯ.
Тибқи моддаи 69 Конститутсияи мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ буда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян менамоянд.
«Масъалаҳои фароҳам овардани шароити беҳтари зисту хизматии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат қарор дорад. Маҳз барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат хонаҳои истиқоматии хизматӣ сохта, ба онҳо тақдим мешаванд», — гуфт Фирӯз Сайнозимзода.
Тибқи маълумоти Вазорати мудофиаи мамлакат, соли 2024 барои беҳтар намудани шароити хизматӣ якчанд хонаи истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд.
«Дар шароити ниҳоят ҳассоси вазъи минтақа ва ҷаҳон дар баробари кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зарур аст, ки барои ҳифзи ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими иқтидори амнияту мудофиавии мамлакат ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошем ва ба халқу ватан содиқона хизмат намоем»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Бояд гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини таъсис ва давоми 32 соли мавҷудият озмоишҳои ҷиддӣ, пайроҳаҳои пурпечу тоб ва монеаҳои сахту сангинро пушти сар намуда, дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва дар партави таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастоварду комёбиҳои беназир ноил гардиданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»