Дар Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд

Февраль 20, 2025 09:52

ДУШАНБЕ, 20.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18 феврал дар шаҳри Норак бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак.

Озмун байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр баргузор шуда, мақсади он аз баланд бардоштани хештаншиносӣ, ҷасорат, зиракию тобоварӣ, дӯстию иттифоқ байни ҷавонон, азхуд намудани «Барномаи омодагии ибтидоии ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ» ва омода намудани хонандагон ба дифои Ватан иборат буд.

Иброз гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо, ки моҳияти ватанпарастию ватандӯстона доранд, дар шароити ҷомеаи имрӯза хеле бамаврид аст. Он ҳамчунин барои омода намудани ҷавонон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ нақши бағоят муассир дорад.

Дар озмун 18 гурӯҳ аз муассисаҳои таълимии шаҳр мувофиқи тамринҳои пешбинишуда ҳамаи шартҳои низомномаро иҷро намуданд.

Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун бо Диплом ва медал қадршиносӣ шуданд.

АКС: Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак

Февраль 20, 2025 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд