Дар Остона дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баррасӣ гардид

Февраль 12, 2025 14:45

ДУШАНБЕ, 11.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11-12 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари расмӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни сафар бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу музокирот дар шакли  маҳдуд ва васеъ баргузор гардид.

Вазирон вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва  Қазоқистонро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар партави тавофуқоти моҳи августи соли 2024 дар сатҳи олӣ ҳосилшуда муфассал баррасӣ намуданд.

Табодули афкор ҳамчунин атрофи ҳамкории ду мамлакат  дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдноми амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ доир шуд.

Дар фарҷоми суҳбат Сироҷиддин Муҳриддин ва Мурат Нуртлеу дар ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳорот доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 12, 2025 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд