Дар шаҳри Кӯлоб машқҳо ва амалиёти низомӣ доир шуданд

Февраль 22, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 22.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 феврал дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафороии ҳарбӣ, ҳамоиши фарҳангӣ ва дидорбинии модарон бо сарбозон доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар»  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.

Меҳмонон намоиши техника ва таҷҳизоти ҳарбиро тамошо  намуданд. Ҳамчунин машқҳо ва амалиёти низомӣ пешниҳод гардиданд, ки дар он ҷасорату чолокии ҳомиёни Ватан ва омодагии ҳамаҷонибаи қисмҳои ҳарбии мамлакат ба ҳифзи марзу буми Ватан ба мушоҳида мерасид.

Дар ҳамоиш иброз гардид, ки ягон давлат бе артиши миллии муқтадир ва муҷаҳҳаз пойдор нест. Зеро  артиш сипари мамлакат, кафили амният ва зиндагии осоиштаи мардум мебошад.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Февраль 22, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар