Дар Тоҷикистон 61 фоизи заминҳо ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 23.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 330 ҳазор гектар ё 61 фоизи заминҳо ба системаи биллингӣ ворид карда шудаанд. То соли 2025 86 ҳазору 700 нафар истифодабарандагон (89 фоиз) бо ID код таъмин гардида, пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба тариқи системаи биллингӣ 41 миллиону 900 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин хусус директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои солимгардонии вазъи иқтисодию молиявии низоми беҳдошти замин, обёрӣ ва энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба гузаштан ба пардохти ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ ин система амалӣ мегардад. Дар айни замон ба истифодабарандагони системаи биллингӣ ба тариқи смс паёмак аз қарзи боқимонда ва истифодаи об маълумот ирсол мегардад. Ин система аз соли 2023 оғоз гардида, соли 2024 пурра амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки раванди татбиқи системаи биллингӣ корҳои назаррас, аз қабили беҳтар намудани назорати истифода ва тақсимоти об бо роҳи барқарор кардани дарвозаҳои обтақсимкунӣ, сохтмони обченкунакҳо дар сарҳади об ва таъмини ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об бо обченкунакҳо барои истифодаи оқилонаи оби полезӣ ва дигар масъалаҳоро ба танзим медарорад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 75 292 истифодабарандаи об дар 524 410 гектар замин шартномаи тарафайни хизмати обрасонӣ ба имзо расонид. Ба онҳо мувофиқи дархост ва талабашон дар ҳаҷми 3 миллиарду 724,7 миллион метри мукааб бо арзиши 179,2 миллион сомонӣ об расонида шуд. Аз ҷониби истифодабарандагони об соли 2024 63 миллиону 13,0 ҳазор сомонӣ ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт гардид. Ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замин 7,1 ҳазор метри мукааб об расонида шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд






