Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ бе буриш гузаронида мешавад
ДУШАНБЕ, 24.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мутахассисони Тоҷикистон ва Узбекистон амалиёти ҷарроҳии урологӣ, гирифтани адиномаи простата, ҷарроҳии биолопластика ва гирифтани кистаҳоро ба таври лапораскопӣ, яъне бе буриши калон гузарониданд.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа, табобати ин гуна беморон, ки қаблан ба тариқи кушода ҷарроҳӣ мешуданд, дар баробари осеби бештар расонидан ба ҷисми бемор инчунин давомнокии табобати онҳоро низ дароз менамуд.
Усули нави ҷарроҳии лапораскопӣ ба чунин беморон имконият медиҳад, ки ҳарчи зудтар шифо ёфта, пас аз 2-3 рӯзи ҷарроҳӣ ба хона рухсат дода шаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 бо дастрас намудани дастгоҳу таҷҳизоти муосир имкон пайдо шуд, ки дар самти ташхису табобат дар мамлакат 94 навоварӣ ворид гардад. Ин шумора нисбат ба соли 2023 20 адад зиёд мебошад.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






