Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё рафтанд

Февраль 3, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (17 нафар) дар доираи барномаи табодули академии  «WELCOME TO ENU» ва созишномаи ҳамкорӣ бо   Донишгоҳи миллии Авруосиё ба  номи Л.Н. Гумилёв  ба Қазоқистон сафар намуданд . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ҳадафи табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи миллии Авруосиё, ҳамзамон баланд бардоштани малака ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим мебошад.

Дар доираи барномаи табодули академии «WELCOME TO ENU» имконият ва шароити мусоид фароҳам буда, таҳсил ва хобгоҳ барои донишҷӯён ройгон мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён маводи таълимиро ба таври ройгон дастрас мекунанд.

Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, аз ҷумла Чин, Олмон, Корея, Ҳиндустон, Русия,  Гурҷистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо идома меёбад. Барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Февраль 3, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд