Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Авруосиё рафтанд
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (17 нафар) дар доираи барномаи табодули академии «WELCOME TO ENU» ва созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилёв ба Қазоқистон сафар намуданд . Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҳадафи табодули академии донишҷӯён омӯзиши таҷрибаи пешқадами омодасозии кадрҳои баландихтисос дар Донишгоҳи миллии Авруосиё, ҳамзамон баланд бардоштани малака ва салоҳиятнокии касбии донишҷӯён ва омӯзиши усулҳои нави таълим мебошад.
Дар доираи барномаи табодули академии «WELCOME TO ENU» имконият ва шароити мусоид фароҳам буда, таҳсил ва хобгоҳ барои донишҷӯён ройгон мебошад. Ҳамзамон донишҷӯён маводи таълимиро ба таври ройгон дастрас мекунанд.
Табодули академии донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат, аз ҷумла Чин, Олмон, Корея, Ҳиндустон, Русия, Гурҷистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо идома меёбад. Барои омодасозии онҳо ба барномаҳои табодули академӣ даврҳои ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ гузаронида мешаванд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд






