Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамкориро бо муассисаҳои таълимӣ-илмии Олмон ва Фаронса тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 28.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Аюб Усмонзод бо Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Йорк Шуграф ва Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Элза Пинёл масъалаи омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин донишгоҳ хабар доданд.
Аюб Усмонзода иброз дошт, ки ҳамкории илмӣ ва табодули таҷриба бо муассисаҳои таълимӣ ва илмии Олмон ва Фаронса яке аз роҳҳои густариш ва рушди робитаҳои байналмилалӣ мебошад. Дар доираи сиёсати дурнигаронаи сарони мамлакатҳо зарфияти мавҷудаи соҳаҳои муҳим, аз ҷумла илму маориф мақсаднок истифода гардида, ҳамкорӣ тақвият бахшида мешавад.
Меҳмонон ҳамзамон бо вазъи таълиму тадриси забонҳои олмонӣ ва фаронсавӣ, имконияти мавҷуда, шароити азхудкунии дониши донишҷӯён ва синфхонаҳои таълимӣ, алоқаманд карда тавонистани назария ва амалияи муошират бо ин забон ва имконоти ҳавасмандкунии донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ шинос шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров








Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад
Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид






