«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст

Февраль 15, 2025 09:48

ДУШАНБЕ, 15.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2024 ба Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати фарҳанги мамлакат супориш доданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода ва ба ЮНЕСКО пешниҳод намоянд. Тақрибан 2550 сол қабл Куруши Кабир дар эъломияи худ меъёрҳои санадҳои ҳуқуқиро муқаррар намуда буд ва ин санад имрӯз бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ мебошад.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи байналмилалии Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ Саидумар Раҷабов вобаста ба таҷлили шоистаи 2550-солагии Эъломияи Куруши Кабир ба хабарнигори АМИТ «Ховар» андешаҳояшро чунин баён намуд:

— Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ муаррифӣ гардидааст. Бо муаррифии шоистаи нобиғаҳои миллат, чун Куруши Кабир дар арсаи байналмилалӣ ва гиромӣ доштан, арҷ гузоштан ва таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари ӯ, ки бар эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, халқи тоҷик як бори дигар ба ҷаҳониён ҳамчун миллати тамаддунофар, сулҳдӯст, арҷгузори ҳуқуқ ва озодиҳои инсон будани худро собит менамояд.

Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бояд ба феҳристи шоҳасарҳои мероси фарҳангии башарият дохил шавад. Ин ҳуҷҷат, ки ифодагари корнамоиҳои таърихии Куруши Кабир аст, бояд ба забонҳои асосии Созмони Милали Муттаҳид тарҷума карда шавад. Чунки дар шароити буҳрони фарҳангӣ ва маънавию мазҳабие, ки ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, ба мақсад мувофиқ аст, ки таҳлили илмӣ ва муқоисавию ҳуқуқии ин санад бо дигар санадҳои шабеҳи он гузаронида шавад. Таҳлили ин санад бояд дар робита бо равандҳои геополитикӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва маънавию мазҳабии ҷаҳонӣ ба таври васеъ ва амиқтар баррасӣ карда шавад, то дар ҳалли масоили ҷаҳони имрӯз саҳм гузорад.

Олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бояд таҳқиқоти амиқи ин санадро гузаронанд ва ба он шарҳу тафсири илмӣ диҳанд, шабоҳат ва фарқияти байни онҳо, пеш аз ҳама, дар заминаи ҳуқуқӣ муайян карда шавад ва таҳияи тавсияҳо барои татбиқи амалии онҳо дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ пешниҳод гардад.

Куруши Кабир (соли таваллуд 590, соли вафот 530 пеш аз мелод, соҳиби 5 фарзанд, падараш шоҳ Камбиси I, модараш шоҳзан Мандана) ба империяе асос гузошт, ки дар муҳлати кӯтоҳ Лидия, Мод, Суғду Бохтар, Бобул, Байнаннаҳрайн, Сурия, Порт, Ҳиндустон ва ғайраро ба ҳайати империяи Ҳахоманишиён дохил сохт.

Воқеан, империяи Ҳахоманишиён ба ҳамкории халқу миллатҳои гуногун, дину мазҳабҳо ва маданияту фарҳанги гуногун асос ёфта буд. Куруши Кабир тавонист, ки ҳудуди давлати Ҳахоманишиёнро аз баҳри Миёназамин то Хоразм, аз Хоразм то Уқёнуси Ҳинд васеъ намояд ва дар умум ин империя дар се қитъа — Осиё, Аврупо ва Африқо ҷойгир буд.

Куруши Кабир пас аз ворид шудан ба шаҳри бошукуҳи Бобул дар соли 539 то милод барои озодии миллатҳои гуногун фармоне содир кард, ки ба воситаи он ҳазорон нафар аз қайди асорати Бобулиҳо озод шуданд ва ба ватани худ баргаштанд.

Куруши Кабир ҳамеша дар андешаи он буд, ки чӣ амале анҷом диҳад, ки пас аз ӯ мардумони гуногуни дар қаламрави давлаташ истиқоматдошта осудаю ором зиндагӣ кунанд ва бо ҳам муттаҳид шаванд. Дар империяи бузурги Ҳахоманишиён, ки Куруши Кабир (559-530 пеш аз мелод) онро идора мекард, беш аз 70 халқу миллати гуногун муттаҳид шуда буданд ва бо шарофати қабули Эъломияи ҳуқуқи башар ва дар асоси он ӯ тавонист ҳуқуқу озодиҳои онҳоро мавриди ҳифз қарор бидиҳад.

Куруши Кабир мубашшири сулҳ, шахси башардӯст ва тарафдори ҳамзистии мусолиматомез, озодии адён, мудофеи ҳуқуқҳои инсон буд ва ба одобу русум ва эътиқоди этносҳои гуногуни давлаташ эҳтиром мегузошт.

Дар Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир бори нахуст ҳуқуқ ба озодӣ (банди 2); ҳуқуқ ба озодии дину мазҳаб ва тоату ибодат (банди 5); ҳуқуқ ба озодии ҳаракат ва интихоби ҷойи зист (банди 5); ҳуқуқ ба моликият (банди 3); ҳуқуқ ба адолати судӣ (банди 6); манъи шиканҷа (банди 2); ҳуқуқ ба озодии касбу кор (банди 5) ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон (банди 5) дарҷ гардидааст.

Ин санад ақидаҳои инсонпарварона — баробарҳуқуқӣ, озодии эътиқоду динҳо, маънавият, таҳаммулпазирӣ, волоияти қонун, ваҳдати миллӣ, сулҳ, мубориза бар зидди зулму ситам ва ғайраро пешниҳод кардааст.

Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин таъкид намудаанд: «Шояд дар таърихи аҳди қадим ин эъломия нахустин иқдомест сӯйи ҷомеаи дунявию адолатпарвар, ки дертар тавассути равшанфикрони Юнону Рим ба Аврупо роҳ ёфта, заминаи ҷомеаи ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва башардӯстонаро падид овард».

Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз санадҳои қадимтарин, бунёдӣ ва консептуалӣ, сарчашмаи нодири ҳуқуқӣ-таърихии мардуми тоҷику форс оид ба рушди давлатдорӣ мебошад. Дар он кӯшиши таҳияи модели давлатдорӣ дар асоси арзишҳои маънавие, ки аз ҷониби ниёгони мо давоми таърихи чандинҳазорсола гузошта шудаанд, дарҷ ёфтааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2025 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соҳаҳои маорифу тандурустии ноҳияи Ёвон нақшаи захираи ангишт пурра иҷро гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Ишкошим сохтмони Литсейи касбии техникӣ оғоз ёфт
Сарони давлатҳо қарорро дар бораи таъсиси қолаби нав бо номи «ИДМ плюс» имзо карданд
Раим Саданшоев: «Мо на танҳо дар самти таъмини алоқа, балки дар дигар соҳаҳо низ ҳамроҳи шумоем»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар Лахш барои фаъолияти самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистон беш аз як миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст
Чӣ тавр тарофаро дар якчанд дақиқа метавон фаъол кард?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
50 ҳазор аҳолии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо оби тозаю безарари нӯшокӣ таъмин мегарданд
Ба Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҷҳизоти нави озмоишӣ дастрас карда шуд