«ФЕҲРИСТИ НОМҲОИ МИЛЛИИ ТОҶИКӢ». Кумитаи забон ва истилоҳот ба 330 муроҷиаткунанда барои номгузории фарзандон хулосаи рад дод
ДУШАНБЕ, 04.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 330 муроҷиаткунанда барои мутобиқат накардани номгузории фарзандонашон ба талаботи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», меъёри суннатии номгузории миллии тоҷикӣ ва надоштани собиқаи таърихӣ дар номгузории миллии тоҷикӣ хулосаи рад дода шуд. Чунин иброз намуд имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сахидод Раҳматуллозода.
Чаро сокинони мамлакат бо вуҷуди пешниҳод шудани «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» ҳоло ҳам аз номҳои берун аз ин рӯйхат қарордошта истифода бурданиянд? Ба ин саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси кумита иброз дошт, ки «ҳадаф аз таҳияи «Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» эҳёи арзишҳои маънавӣ ва сарватҳои бебаҳои таъриху фарҳанги миллӣ тавассути забони миллӣ, инчунин номгузории суннатии тоҷикӣ мебошад. Мардум бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошанд, ба арзишҳои миллии худ арҷ гузоранд ва ба фарҳанги бегона тақлид накунанд. Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» баён гардид, «Фарҳанги миллӣ, ки заиф шуд, ҷояшро фарҳанги бегона пур мекунад».
Сахидод Раҳматуллозода гуфт, ки дар назди Кумитаи забон ва истилоҳот гурӯҳи корӣ таъсис дода шуда, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.
«Аз ин феҳрист аллакай шаҳрвандони мамлакат ба хубӣ огоҳ мебошанд. Он дорои номҳои беҳтарини тоҷикона буда, аз ду қисмат иборат аст. Дар қисмати аввал номҳои духтарона ва дар қисмати дуюм номҳои писарона оварда шудаанд. Бо мақсади дуруст навиштани номҳои миллӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ тарзи навишти номҳои духтаронаю писарона бо се забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ифода шудааст»,- гуфт раиси кумита.
Бинобар ин, акнун барои интихоби номҳои миллӣ тибқи меъёрҳои гуногун номҳое, ки аз вожаҳои ифодакунандаи ранг, ҳайвонот (ба истиснои шер, ки дар номгузории суннатии мо ифодакунандаи далерию мардонагӣ мебошад), парандагоне, ки хосияти бад доранд, бархе аз меваҷоту сабзавот, ашёи рӯзгору масолеҳ ва монанди инҳо гирифта шуданд, ба феҳрист ворид карда нашуданд ва номҳо дар шакли пурра (дуруст) навишта мешаванд. Номҳое, ки аз номи пайғамбар ташаккул ёфта, давоми таърих ба ихтисор дучор шудаанд ва дар шакли ма, мат, мама, мад, мамад, маҳмад корбурд мешуданд, ба феҳрист дар шакли дуруст ва пурраашон ворид гардиданд: Мадкарим – Муҳаммадкарим, Нормат – Нормуҳаммад, Маниёз – Муҳаммадниёз, Шоҳмат – Шоҳмуҳаммад, Маҳмадҷон – Муҳаммадҷон ва ғайра.
Зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дода шуд, ки соли 2024 ба 911 муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Комиссияи номгузории номҳои миллии назди Кумитаи забон ва истилоҳот хулоса пешниҳод гардид.
Аз ин шумора ба 581 муроҷиати шаҳрвандон, аз ҷумла 64 муроҷиати ақаллияти миллӣ барои номгузории фарзандон хулосаи тавсиявию дастгирӣ дода шуд.
Ҳамзамон Кумитаи забон ва истилоҳот соли 2024 ба 3 маводи экспертизаи забоншиносии судӣ ва 2 маводи экспертизаи забоншиносӣ хулоса пешниҳод намуд.
Кумитаи забон ва истилоҳот соли 2024 барои 20 номгузории муассисаю ташкилот ва ҷамъиятҳо хулоса пешниҳод намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 31 адад ё 60,7 фоиз камтар (соли 2023- 51 муассисаю ташкилот ва ҶДММ) аст.
Инчунин Кумитаи забон ва истилоҳот соли 2024 ба 35 номи маҳалли аҳолинишин хулоса пешниҳод кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 21 адад ё 37,5 фоиз (соли 2023- 56 маҳалли аҳолинишин) камтар мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд
ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. Эҳдо ба Рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст






