ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон тими Арабистони Саудӣ бозии дӯстон мегузаронад

Февраль 23, 2025 10:50

ДУШАНБЕ, 23.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 барои ҷамъомади таълимию тамринӣ ба шаҳри Ҷидда рафт.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин ҷамъомади таълимӣ тими занонаи Тоҷикистон бо дастаи Арабистони Саудӣ ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Ин бозиҳо дар рӯзҳои ФИФА – 23 ва 26 феврал дар варзишгоҳи «Кинг Абдуллоҳ Спортс Сити» баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 21:30 ба вақти Душанбе) оғоз мешаванд.

Бояд таъкид намуд, ки имсол дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, ки аз 23 июн то 5 июл баргузор мешавад, иштирок менамояд. Рақибони дастаи мо дар даври интихобӣ 27 март дар қуръакашӣ маълум хоҳанд шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 23, 2025 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад