ФУТБОЛ. Гулмуроди Саъдулло бозии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои Индонезия ва Баҳрайнро доварӣ менамояд

Февраль 22, 2025 14:35

ДУШАНБЕ, 22.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар бозии ҳаштуми даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 оид ба футбол дар гурӯҳи «С» ҳайати доварони Тоҷикистон таҳти роҳбарии довари 34-солаи ФИФА Гулмуроди Саъдулло ҳакамӣ хоҳад намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, Гулмуроди Саъдулло довари марказии бозии интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 байни дастаҳои мунтахаби Индонезия ва Баҳрайн, ки 25 март дар Ҷакарта баргузор мешавад, таъйин шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Фарҳод Куралов кумак мекунанд.

Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари эҳтиётӣ интихоб гардид. VAR-ро Муҳаммад Убайд Ходим Муҳаммад идора карда, ёвари VAR аз Амороти Муттаҳидаи Араб Умар Муҳаммад Аҳмад Ҳасан Ал-Алӣ хоҳад буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 22, 2025 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад