«ГРАНД СЛАМ ДУШАНБЕ-2025». Ин мусобиқаи бонуфуз моҳи май баргузор мегардад

Февраль 7, 2025 08:27

ДУШАНБЕ, 07.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир моҳи майи соли равон мусобиқаи бонуфузи «Гранд Слам Душанбе-2025» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Мақсад аз он ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, рушди варзиши мамлакат, аз ҷумла гӯштини ҷудо, дарёфти варзишгарони ҷавону ояндадор ва минбаъд боло бардоштани шарафи варзиши Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

«Гранд Слам Душанбе» на танҳо мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ, балки имконияти нодир барои тарғиби варзиши ҷудо дар минтақа ва баланд бардоштани обрӯи варзиши Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Февраль 7, 2025 08:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд