ГУРДОФАРИДОНИ ВАТАН. Дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 1000 нафар занону духтарон хизмат менамоянд
ДУШАНБЕ, 19.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Занон — сипари боэътимоди Ватан» — таҳти ин унвон имрӯз бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки занону духтарони низомипӯши сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳамоиши сиёсӣ баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни ҳамоиш иброз гардид, ки дар ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ ва хизматчиёни ғайринизомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1219 нафар занону духтарон фаъолият менамоянд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат, хусусан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони Истиқлолияти давлатӣ барои тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеътар фароҳам оварданд, ки тавассути он занони тоҷик тавонистанд неруи созандаро барои ободию пешрафти мамлакат сарф намуда, дар ҳамаи ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок намоянд.
«Занон ва модарони шуҷои тоҷик дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи халқамон парчами озодию истиқлолро баланд бардошта, халқро ба ҳифзи хоки Ватан ва нангу номуси миллӣ ҳидоят намуданд»,-иқтибос оварда шуд зимни ҳамоиш аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода иброз дошт, ки осудагии мо, модарон дар сулҳу суботи давлат, ободию созандагии Ватан аст. Имрӯз таҳти роҳбарии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзандони баору номус ва қавииродаи модари тоҷик онро таъмин намуда, ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро вазифаи ҷонии худ мешуморанд.
«Имрӯз бо сарбаландӣ метавон гуфт, ки занони шуҷою матиниродаи тоҷик дар баробари ҷавонмардони далери ватан рисолати сулҳпарварӣ, озодихоҳӣ, ватандӯстӣ ва ватанпарастиро бар дӯш гирифта, дар бунёди давлатдорӣ, ҳифзи истиқлолияти комил ва таъмини суботу осудагии мамлакат нақши калидӣ доранд»,-баён дошт Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.
Муовини Вазири мудофиаи Тоҷикистон, генерал-майор Музаффар Раҳимзода иброз дошт, ки «таърих гувоҳ аст, ки сарфи назар аз мушкилиҳои ҷойдошта Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар солҳои душвори муқовимат таҷриба андӯхта, ба яке аз қувваҳои касбии минтақа табдил ёфт».
Дар муддати 32 соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 нафар занон-хизматчиёни ҳарбӣ бо рутбаи ҳарбии полковник сарфароз гардонида шуданд.
Таъкид гардид, ки новобаста аз гирудори сиёсии дохилию берунӣ занону духтарони тоҷик дар баробари мардон ба Ватан содиқонаю софдилона ва шуҷоатмандона хизмат намуданд. Ин аст, ки теъдоди онҳо дар сохторҳои қудратию низомӣ сол то сол зиёд мешавад.
Дар охир як зумра афсарзанон барои хизматҳои шоён бо Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд






