РУШДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ. Таҳти ин унвон конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Февраль 18, 2025 15:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ (21 феврал) дар шаҳри Душанбе Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Рушди забони модарӣ дар замони Истиқлол» баргузор шуд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории ин чорабинӣ.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сахидод Раҳматуллозода зимни ифтитоҳи конференсия гуфт, ки дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо, забони миллати тоҷик сарвати бебаҳо ва омили муҳимми пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ буда, аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.

Дар конференсия таъкид шуд, ки забони модарӣ инъикоскунандаи фарҳангу маърифати ҳар як миллат маҳсуб шуда, дар Тоҷикистон дар баробари забони давлатӣ, ҷиҳати истифодаи озоди забонҳои модарӣ барои намояндагони дигар миллату халқиятҳои сокини мамлакат тамоми шароит ва заминаҳои ҳуқуқӣ муҳайё гардидааст.

Изҳор гардид, ки моҳи ноябри соли 1999 бо қарори ҷаласаи Анҷумани ҷаҳонии ЮНЕСКО (бахши Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият) бо мақсади ҳифз ва ташаккули забонҳои нобудшудаистода ва мусоидат барои ташаккули бисёрзабонӣ, рушди хазинаи луғавии забонҳои дунё 21 феврал ҳамчун Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардида, он аз соли 2000 инҷониб ҳамасола дар тамоми давлатҳои олам таҷлил мегардад. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи Ҷамъияти «Дӯстӣ», имрӯз дар Тоҷикистон ҷамъияту ассотсиатсияҳо ва марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллии арманҳо, бошкирдҳо, гурҷиҳо, доғистониҳо, кореягиҳо қазоқҳо, қалуғҳо, қирғизҳо, озарбойҷониҳо, осетинҳо, русҳо, тоторҳо, уйғурҳо ва ғайраҳо фаъолият менамоянд.

Дар моддаи 2 –и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад. Ҳамаи миллатҳо ва ҳалқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд аз забони модариашон озодона истифода баранд».

«Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро забони давлатӣ муайян менамояд. Далели барҷастаи ин андеша, дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят давлат аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон амалӣ мегарданд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлату ҳукуматҳоро тавассути забонашон мешиносанд, ҳамкории судманди ҳасанаро ба роҳ мемонанд. Пас, маълум мегардад, ки забон аз рукнҳои асосии ин ё он давлату ҳукумат маҳсуб меёбад. Дар замони ҷаҳонишавии фарҳангу ақидаҳо муносибат ба забон диққати ҷиддиро талаб менамояд»,-таъкид гардид дар ҳамоиш.

Дар Конференсия зиёда аз 40 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон пешниҳоди иштирокдорон гардид

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2025 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд