ҲИФЗИ ТАБИАТ. Барои пешгирии буриши худсаронаи дарахтон кадом тадбирҳо андешида мешаванд?

Февраль 23, 2025 11:20

ДУШАНБЕ, 21.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 аз тарафи кормандони ҳифзи давлатии ҷангал вобаста ба вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи хоҷагии ҷангал 891 ҳолати буриши ғайриқонунии дарахтон ошкор гардида, нисбат ба ҳуқуқвайронкунандагон ба миқдори 594,7 ҳазор сомонӣ маблағи зарар муайян гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд иброз намуд, ки яке аз  сабабҳои ба амал омадани чангу ғубор — ин буриши берабт ва аз ҳад зиёди дарахтону ҷангалзор мебошад. Барои пешгирии ин амал чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?       Ба ин савол сармутахассис оид ба ҳифзу ҳимояи ҷангали Раёсати хоҷагии ҷангали агентӣ Иноят Фаттоҳов посух дод, ки дар ҳақиқат ҷангал барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор эмин нигоҳ доштани табиат саҳми калон дорад. Барои роҳ надодан ба худсарона буридани дарахтон дар хоҷагиҳо аз 771 то 780 нафар нозирони давлатии ҷангал ҷалб гардидаанд, ки онҳо ҳамеша барои пешгирии дарахтбурии худсарона корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

«Бояд гуфт, ки сол то сол ин намуди қонунвайрокунӣ дар соҳаи ҷангал коҳиш меёбад. Шаҳрвандони мамлакат дар пайравӣ ба таъкидҳои Сарвари давлат барои сабзазоркунии мамлакат ташаббус нишон дода, аз буриши ғайриқонунӣ даст мекашанд. Имрӯзҳо сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон дар ин самт баланд гардида, чунин қонуншиканиҳо кам гардидаанд», -иброз намуд Иноят Фаттоҳов.

Тибқи иттилои манбаъ, соли 2024 инчунин вобаста ба чорвочаронии худсарона 377 қоидавайронкунӣ ба маблағи 418,9 ҳазор сомонӣ ошкор шуда, нисбат ба ҷамъоварии худсаронаи гиёҳҳои хӯрданибобу шифобахш 252 қоидавайронкунӣ ба маблағи 90,9 ҳазор сомонӣ, 13 ҳолати риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар ҷангал  ба маблағи 1535,4 ҳазор сомонӣ зарар муайян шуд.

Ҷангал барои ҳифзи муҳити зист ва аз чангу ғубор нақши  калон дошта,   яке аз боигариҳои асосии табиат маҳсуб мешавад.

Ҷангал манбаи оксиген ва ҳавои тоза, манбаи меваю хушкмева, дорую гиёҳҳои шифобахш мебошад. Аз чӯби ҷангал биноҳо месозанд, коғаз, асбоби мусиқӣ, қалам, гӯгирдчӯб ва ғайра истеҳсол менамоянд. Дарахтон муҳитро солиму тоза мегардонанд, пеши роҳи вайроншавии соҳилҳо, пеши роҳи бодҳо ва чангу ғуборро  мегиранд. Аз ин лиҳоз ҷангал яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон мебошад.

Тавре маълум аст, аҳолии деҳоти Тоҷикистон қисман барои сохтмони хона ва зимистонгузаронӣ ба сифати сӯзишворӣ аз ҳезум истифода мебаранд. Вале тибқи талаботи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон  бе иҷозат ва худсарона буридани дарахтон бо мақсади гирифтани чӯби сохтмонӣ қатъиян манъ аст. Қисмати зиёди ҷангалҳои Тоҷикистонро арчазор ташкил медиҳад, ки буридани он манъ мебошад. Танҳо  дар доираи  қонунгузорӣ ҳар сол тибқи меъёрҳои муайянгардида ва солимгардонии ҷангал буриши санитарӣ гузаронида шуда, ба мактабҳои миёна, беморхонаҳо, қисмҳои ҳарбие, ки дар сарҳади заминҳои фонди давлатии ҷангал мавҷуданд, дода мешавад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 таъкид гардид, ки «бо назардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода мешавад, ки “Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040”-ро қабул ва амалӣ намоянд».

Президенти Тоҷикистон иброз намуданд, ки «таъмин намудани зиндагии осудаю босаодати наслҳои ояндаи халқамон моро водор месозад, ки ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоем. Яъне мо бояд барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем, Ватанамонро пешрафта гардонем ва чунонки доим таъкид менамоям, ба фарзандону набераҳоямон як мулки обод мерос гузорем».

Сарвари давлат дастур доданд, ки мо барои ислоҳи вазъи ногувори дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба амаломада ва пешгирӣ кардани харобшавии ҳифзи муҳити зист, дар навбати аввал, бо роҳи ҷиддан кам кардани партови газҳои гулхонаӣ, ниҳолшинонию сабзазоркунӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об, яъне ба хотири наҷоти табиат ва инсоният бояд тадбирҳои бетаъхир ва муассир андешем.

Ёдовар мешавем, ки шуруъ аз моҳи январ то моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон Ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ эълон гардида, дар ин давра ҳар рӯзи шанбе ва якшанбе дар нуқтаҳои махсуси шаҳру ноҳияҳои мамлакат намоиш-фурӯши ниҳолҳои ҳамешасабз, ороишӣ ва мева баргузор мегардад. Ин иқдом тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивал, намоиши иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 тасдиқ гардидааст, гузаронида мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

Февраль 23, 2025 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБШАВИИ ПИРЯХҲО. Ҳаёт нишон дод, ки он ҳама бонги хатар ва ҳушдорҳои Президенти Тоҷикистон чӣ қадар бамаврид ва дурбинона будаанд
ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ. Қабули он зарурати воқеӣ ва танзими он баракати зиндагӣ гардид
Дар Тоҷикистон бо таъсири тағйирёбии иқлим шумораи кӯлҳои пиряхӣ ба 397 адад расидааст
Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасро тақозо менамояд
ТОҶИКИСТОН — САРЗАМИНИ ПИРЯХҲО ВА ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ. Конфронси Душанбе оғози марҳилаи нав дар самти ҳифзи пиряхҳо мегардад
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои омӯзиши пиряхҳо ва мониторинги иқлим бояд марказҳои муштараки илмӣ таъсис дода шаванд
Шаҳри Душанбе гаҳвораи зуҳури дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об дониста мешавад
«САДРИДДИН АЙНӢ ВА ИНҚИЛОБИ МАДАНӢ». Ин таҳлил даъват ба ҳушёрӣ ва талош барои ҳифзи дастовардҳои маънавӣ аст
ВАСФИ ВАТАН ВА ХИРАД ДАР «ШОҲНОМА». Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Саид ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Президенти Тоҷикистон: «Соли 2025 соли гармтарин дар дунё буда, таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мушкил мегардад»
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Пиряхҳо сайёраро бо оби тоза таъмин менамоянд
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳошияи конфронс чорабиниҳои муҳим мегузаронад